Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Ҳинд аз шӯришиёни Покистон


Нирупама Рао-вазири умури хориҷаи Ҳиндустон ба таври ошкоро аз хатари кунунии шӯришиёни Покистон ба маҳофили байналмиллалӣ ҳушдор дод. Тавзеҳоти вай дар ҳоле садо медиҳад, ки дар инфиҷори баме дар назди сафоратхонаи Ҳиндустон дар Кобул 17 нафар кушта шуд. Толибон масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифтанд. Ин ҳодиса рӯзи панҷшанбе рух дод. Як рӯз пас аз ҳодиса Рао аз маҳали ҳодиса дар Кобул боздид ва бо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳур, Додфар Спанто-вазири умури хориҷа ва Залмай Расул-мушовири амнияти миллии Афғонистон мулоқот кард.
XS
SM
MD
LG