Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, мавзуи калидии мулоқоти Раҳмон ва Бердимуҳаммадов дар Ишқобод масъалаи тақсими одилонаи захоири оби минтақа будааст.

Бердимуҳамадов тақвият додани муносиботи ҳасанаро дар ин маврид яке аз марҳилаҳо хондааст ва ҳамтои президенти Тоҷикистонро мутмаин кардааст, ки ин масъала минбаъд низ дар сиёсати кишварҳои минтақа матраҳ хоҳад шуд. Иқдоми ҳамгироиро дар ин маврид соҳибназарони Тоҷикистон низ хати маши нави сиёсати Туркманистон маънидод намуда, онро мусбат мехонанд.

Воҳидхон Қосиддинов муовини раиси ҲНИТ мегӯяд, ки воқеан ҳар як муносибати хуб бо ҳамсояҳо дар давлатдории Тоҷикистон нақши муҳим мебозад. Ба гуфтаи вай, ин боздид барои Тоҷикистон нафъи зиёд хоҳад дошт, агар тавофуқоти ба даст омада танҳо рӯи коғаз намонад.

Раъно Охунова, роҳбари созмони ҷамъиятии «Зан ва интихобот», аз пешниҳоди раисиҷумҳури Турманистон ва сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон хушбин буда, мегӯяд, «ҳам об ва ҳам гази табиӣ моли табиатанд. Пас ҳар ду кишвар метавонанд онро табодул кунанд. Модоме ки Ӯзбакистон газро барои Тоҷикистон мефурӯшад, пас Тоҷикистон ҳам бояд обро, ки он ҳам моли табиат аст, ба ин кишвар фурӯшад. Об ва газро на Ӯзбакистон ва на Тоҷикистон истеҳсол намекунанд».

Дар ҳамин ҳол таҳлилгар Шокирҷон Ҳакимов аз пешниҳод истиқбол мекунад, аммо ҳал ба шудани масъалаи обу энержиро дар мулоқоти раисони ду кишвар шубҳа дорад. Зеро, ба гуфтаи ӯ, агарчи аз нуқтаи назари усулӣ пешниҳоди ҳар ду президент мусбат аст. Аммо и нгуна пешниҳодҳо дар алоҳидагӣ ҳал намешавад. Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи мақсад мебуд, ки агар чунин пешниҳодҳо дар сатҳи нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ё созмони наҷоти баҳри Арал моҳиятан мавриди баҳс қарор мегирифт.

Шокирҷон Ҳакимов афзуд, ки бо таври дигар ҳал кардани масъала мушкил аст. Дар замони Шӯравӣ ҳам Туркманистон аз обҳои минтақа камтар истифода мебурд. Мувофиқи мақсад мебуд, ки агар чунин пешниҳодҳо дар сатҳи нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ё созмони наҷоти баҳри Арал мавриди баҳс қарор мегирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG