Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Э Раҳмон Оғохони IV-ро ба ҳузур мепазирад


Қарор аст дар ин соатҳо дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон Карим Оғохони IV-имоми исмоилиҳои ҷаҳонро ба ҳузур пазирад. Имом Оғохон барои як боздиди чаҳоррӯза дар Тоҷикистон ба сар мебарад. Ҳадафи аслии ин боздид гушоиши Маркази исмоилиҳои Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбест, ки қарор аст пагоҳ, 12-ӯми октябр зимни маросиме анҷом бигирад. Дирӯз Оғохон аз Хоруғ-маркази Бадахшони Тоҷикистон боздид ва дар ин шаҳр боғеро, ки бо кӯмаки молии банёдаш таъмиру таҷдид шудааст, ифтитоҳ кард.
XS
SM
MD
LG