Пайвандҳои дастрасӣ

Миллиардери канадаӣ аз кайҳон ба замин баргашт


Капсули фазоии киштии кайҳонии Союзи Русия, ки Гай Лаберте-миллиардери канадаиро ҳамл мекард, рӯзи якшанбе дар биёбони Қазоқистон ба замин фуруд омад. Тавре, ки пешбинӣ шуда буд, ин капсули фазоӣ дар биёбони фарох дар наздикии Аркалик ба замин нишаст ва мавриди кафзаниҳои пурҷӯши кормандони идораи умури кайҳонии Русия қарор гирифт. Идораи умури кайҳонии Русия дар наздикии Маскав ҷойгир аст ва тавассути моҳвора ҷараёни парвозро назорат мекард.
XS
SM
MD
LG