Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди ғайримунтазираи Катсуя Окада аз Афғонистон


Имрӯз Катсуя Окада-вазири умури хориҷаи Ҷопон ба таври ғайримунтазира аз Афғонистон боздид кард. Вай нахустин вазири кобинаи нави Ҷопон аст, ки аз Афғонистон боздид мекунад. Вай дар ибтидо ба Кобул омад ва дар поёни рӯз боздидашро аз Покистон идома медиҳад. Окада то рӯзи душанбе дар Покистон ба сар хоҳад бурд. Дар ин бора вазорати хориҷаи Ҷопон хабар додааст. Вай дар Кобул бо Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳур ва соири раҳбарон мулоқот мекунад. Масъалаи асосии гуфтугӯ дар ин мулоқотҳо зарурати ташкили ҳукумати собит баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурии 20-ӯми август ва кӯмаки Ҷопон дар ин кор мебошад.
XS
SM
MD
LG