Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Покистон ахирин гаравгонгирро боздошт кард


Артиши Покистон мегӯяд, нируҳои вижа ахирин тундраверо, ки дар Равалпиндӣ ба ситоди артиш ҳамла бурд ва даҳҳо нафарро ба гаравгон гирифт, боздошт кардаанд. Сухангӯи артиш изҳор дошт, субҳи рӯзи якшанбе бо боздошти ахирин тундрав муқовемати 22-соата дар Равалпиндӣ дар наздикии Исломобод ба поён расидааст. Нируҳои вижаи артиши Покистон субҳи рӯзи якшанбе саросари бинои ситодро гаштанд ва 39 нафар гаравгононро раҳо карданд. 3 гаравгон, 4 гаравгонгир ва 2 нафар аз нируҳои наҷот дар ин амалиёт кушта шудаанд. Толибон масъулияти ин ҳодсаро бар ӯҳда гирифтаанд. Ҳилларӣ Клинтон-вазири умури хориҷаи Амрико ин амалро маҳкум кард.
XS
SM
MD
LG