Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тундравони Покистон афсаронро гаравгон гирифтаанд


Як низомии Покистон мегӯяд, тақрибан 5 тундрави исломӣ дар наздикии ситоди артиш дар атрофи Исломобод чанд афсарро гаравгон гирифтаанд. Ин хабар дар ҳоле пахш шудааст, ки ба гуфтаи сухангӯи артиш, рӯзи шанбе дар натиҷаи ҳамлаи гурӯҳи тундравон ба ситоди артиши Покистон дар Исломобод 4 марди мусаллаҳ ва 6 сарбози ҳукуматӣ кушта шудаанд. Генерал Атҳар Аббос-сухангӯи артиш гуфтааст, ҳамлакунандагон дар оғоз аз мошин ба сӯи як посгоҳ тирандозӣ кардаанд, сипас мошини бамгузоришударо дар посгоҳ гузоштаанд ва ба посгоҳи дигар ҳамла бурдаанд. Бино ба хабарҳо, дар ин тирандозӣ як роҳгузар аз аҳолии маҳаллӣ низ кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG