Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳдномаи таърихии Туркияу Арманистон


Шоми рӯзи 10-уми октябр дар шаҳри Сюрихи Швейтсария миёни Туркия ва Арманистон Аҳдномаи таърихӣ ба имзо расид.

Вазирони хориҷаи ҳар ду кишвар - Аҳмет Давутуғлу ва Эдуард Наълбандиён дар Аҳднома имзо гузоштанд. Акнун ин санад бояд дар порлумонҳои ҳар ду кишвар ба тасвиб расад.

Имзои чунин санад ба ин ду миллат имкон медиҳад, ки душмании беш аз садсолаи худро тадриҷан канор гузоранд ва бад-ин тариқ роҳ барои ҳамкориву муносиботи дуҷониба боз шавад. Баъд аз имзои ин Аҳднома ҳар ду кишвар равобити дипломатӣ барқарор мекунанд.

Дар маросими имзои Аҳдномаи ҷонибҳо, ки дар факултаи таърихи Донишгоҳи Сюрих баргузор шуд, хонум Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷаи Амрико, Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия ва Бернард Кучнер, вазири корҳои хориҷаи Фаронса низ ҳузур доштанд. То расидан ба ин рӯзи таърихӣ намояндагони Туркияву Арманистон шаш ҳафта бо миёнҷигарии Швейтсария бо ҳам музокира карданд.

Тибқи санади имзошуда қарор аст ин ду кишвар дар давоми ду моҳи оянда марзҳои худро бар рӯи якдигар боз кунанд.

Имзои Аҳднома метавонад ба талошҳои ҳалли бӯҳрони Қарабоғи Кӯҳистонӣ соя афканад, зеро Туркия аз муттаҳидони таърихии Озарбойҷон ба шумор меравад. Туркия дар соли 1993 дар робита бо масъалаи Қарабоғ ба нишонаи ҷонибдорӣ аз Озарбойҷон муносиботи дипломатии худро бо Арманистон қатъ кард. Нерӯҳои Арманистон нерӯҳои Озарбойҷонро аз Қарабоғи Кӯҳистонӣ берун ронданд ва дар ин ҷанг тақрибан 30 000 нафар кушта шуданд. Коршиносони сиёсӣ мегӯянд, дар Аҳдномаи Сюрих мавзеъгирии Арманистону Туркия дар робита бо масъалаи Қарабоғ рӯшан нашудааст.

Муносиботи Туркия бо Арманистон он гуна, ки бисёре аз таърихшиносони Ғарб ҳам таъйид мекунанд, баъд аз куштори беш аз як миллион арманӣ дар солҳои ҳукмронии туркҳои усмонӣ дар давраи ҷанги аввали ҷаҳонӣ сард шуда буд. Як рӯз қабл дар Ереван ҳудуди 10 000 нафар ба нишонаи эътироз бар зидди ин аҳднома роҳпаймоӣ анҷом доданд ва дархост карданд, ки барои расидагӣ ба куштори он солҳо як комиссияи байнулмилалӣ ташкил шавад.

Беҳбуди муносиботи Арманистону Туркия метавонад ташаннуҷ дар Қафқозро коҳиш диҳад ва замина барои интиқоли транзитии энержӣ ба Аврупо фароҳам ояд. Имзои Аҳднома барои пайвастани Туркия ба Иттиҳоди Аврупо судманд аст. Бо имзои ин Аҳднома Арманистон аз бунбаст раҳо меёбад ва роҳ барои сармоягузориву тиҷорати хориҷӣ боз мешавад.
XS
SM
MD
LG