Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамкориҳои Туркманистону Тоҷикистон тавсеъа меёбад


Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи боздиди кории худ аз Туркманистон дар поёни музокироти худ бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури ин кишвар баёнияи муштарак имзо карданд. Вазоратҳои энержии ин ду кишвар низ тавофуқоти ҳамкорӣ ба имзо расонданд. Ҳамчунин ҳайатҳои музокира дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши варзиш, дар бораи комиссияи муштараки байниҳукуматӣ барои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву фаннӣ мувофиқатномаҳои ҳамкорӣ имзо карданд. Вазоратхонаҳои умури хориҷаи ҳар ду кишвар низ дар бораи ҳамкориии дуҷониба протоколе ба имзо расонданд. Тоҷикистону Туркманистон як ҷо роҳҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба мушкили оби Осиёи Марказиро ҷустуҷӯ мекунанд. Боздиди раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Туркманистон дирӯз оғоз шуда буд ва ду рӯз дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG