Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии навбатии наврасони тоҷик дар Катманду


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон дар бозиҳои гурӯҳӣ дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё бар дастаи Лубнон бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Ин пирӯзӣ имкони ҷавонони Тоҷикистонро барои рафтан ба даври ниҳоии мусобиқот бештар кард. Аммо Эрон ҳам метвонад довталаби роҳхати ягона аз ин гурӯҳ бошад. Ҳамзамон бо Тоҷикистон Эрон низ бар дастаи Непал бо ҳисоби 3:0 пирӯзӣ ба даст овард. Ҳоло Тоҷикистон бо 7 хол дар зинаи аввал ва Эрон бо 4 хол дар зинаи дуввуми ҷадвал қарор доранд. Эрон як бозӣ камтар дорад. Дар ин гурӯҳ ҳамчунин Баҳрайн ва Лубнон бо 3 холӣ дар зинаҳои севвуму чаҳорум ва Непал бидуни хол дар зинаи ахир ҷойгиранд. Бозиии ниҳоии Тоҷикистон дар ин гурӯҳ 13-ӯми октябр бо дастаи Непал баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG