Пайвандҳои дастрасӣ

Медведев Обамаро бо ҷоизаи Нобел табрик кард


Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия, гуфт, вай умедвор аст, ки эътои ҷоизаи сулҳи Нобел ба Барак Обама, раисҷумҳури Амрико, ба беҳбуди равобити Амрикову Русия "таҳрики дигар" мебахшад. Медведев зимни табрики Обама дар изҳороте ба ин муносибат ҳамчунин гуфтааст, "ман ин иқдоми Кумитаи Нобелро нишонаи назари воқеъбинона ба равандҳои рушди сартосарӣ медонам". Давлати Барак Обама қавл додааст, ки баъд аз таниши муносиботи Амрикову Русия дар давраи раёсати ҷумҳурии Ҷорҷ Буш ва Владимир Путин, нахуствазири кунунии Русия, дар муносиботи ин ду кишвар "таҷдиди назар" мекунад.
XS
SM
MD
LG