Пайвандҳои дастрасӣ

Шоҳзода Оғохони IV, пешвои рӯҳонии исмоилиҳои ҷаҳон, рӯзи 12-уми октябр дар шаҳри Душанбе Маркази исмоилиёнро боз мекунад.

Шоҳзода Оғохон бегоҳи рӯзи ҷумъа, 9-уми октябр вориди Тоҷикистон шуд ва аз рӯи барномаи сафараш пас аз боздид аз шаҳри Хоруғ, дидори ӯ бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти дигар дар назар аст.

Боздиди пешвои рӯҳонии исмоилиёни ҷаҳон аз Тоҷикистон рӯзи 12-уми октябр пас аз анҷоми маросими ифтитоҳи маркази исмоилиён дар Душанбе анҷом меёбад. Ёдовар мешавам, санги нахустини ин марказ сентябри соли 2005 гузошта шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG