Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти камҳосили кишварҳои ҷомеаи ҳамсуд


Имрӯз дар шаҳри Кишинёв пойтахти Ҷумҳурии Молдова, нишасти раҳбарони кишварҳои муштаракулманофеъ баргузор шуд. Тоҷикистону, Қазоқистон, Туркманистону Ӯзбакистонро дар ин ҳамоиш на раиси ҷумҳурон, балки раҳбарони сатҳи поинтаре намояндагӣ мекунанд. Гурҷистон, ки тобистони гузашта аз Иттиҳоди Кишварҳои Ҳамсуд хориҷ шуд, дар нишаст ҳузур надорад. Дар ҳошияи ин нишасти сарон, Серж Саркиссиён – раиси ҷумҳури Арманистон ва Илҳом Алиев – раиси ҷумҳурони Озарбойҷон доир ба муноқишаи да дарозокашида бар сари вилояти арманинишини Кӯҳистони Қаробоғ гуфтӯгу кардаанд. Дафтари раёсати ҷумҳури Арманистон мулоқотро «созанда” хондааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG