Пайвандҳои дастрасӣ

НАСА курраи Моҳро "мушакборон" кард


Оҷонси Кайҳоншиносии Амрико ду абзори таҳқиқотии худро ба сатҳи курраи Моҳ кӯбид, то нишонаҳои мавҷудияти об ва ях дар онро пайдо намояд. Аввалин мушакро ба қутби ҷанубии Моҳ кӯбиданд ва мушаки дигар ҳам баъди таҳқиқу ирсоли иттилоъ аз гарду чанги бархоста ба сатҳи моҳ бархӯрд. Ҳадафи ин таҳқиқот таҳқиқи зарраҳои гарди моҳ аст, ки оё дар он об вуҷуд дорад ё на. Ба гуфтаи донишмандон, мавҷудияти об дар Моҳ, барои идомаи иктишофи кайҳон барои инсоният бисёр муҳим хоҳад буд, чун имкон медиҳад, дар онҷо пойгоҳҳои доимӣ таъсис дода шаванд.
XS
SM
MD
LG