Пайвандҳои дастрасӣ

Вокуниши Обама ба тасмими Кумитаи Нобел


Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, ки аз ноил шуданаш ба Ҷоизаи Сулҳи Нобел “эҳсоси кӯчакӣ” кардааст. Як мақоми ҳукумати Амрико гуфт, Роберт Гибс – сухангӯи Кохи Сафед, бо ин хабар Барак Обамаро аз хобаш бедор кардааст. Кумитаи Норвегии Нобел гуфт, Барак Обамаро барои талошҳояш “ҷиҳати тақвияти дипломатияи байналмилалӣ” сазовори Ҷоизаи Сулҳи Нобел донист. Торбйерн Ягланд – раиси кумитаи мазкур, бо зикри талошҳои Обама барои манъи густариши силоҳҳои атомӣ ҳамчунин гуфт, ки вай “ фазои наве дар сиёсатҳои байналмилалӣ офаридааст: "Бисйор нодир будааст, ки фарде бо баробар бо вусъати Обама тавваҷӯҳи ҷаҳонро ҷалб карда ва ба инсонҳо умеде барои ояндаи беҳтар дода бошад. Дипломати ӯ бар асоси ин арзиш аст, ки он касе, пешвои ҷаҳон аст, бояд онро дар заминаи арзишу тамоюлҳои аҳолии ҷаҳон пешвоӣ кунад." Хабари ноил шудани Барак Обама ба Ҷоизаи Сулҳи Нобел ҷаҳониёнро ғофилгир кард ва раҳбарони кишварҳои ҷаҳон аз ин амр истиқбол намуданд. Николя Саркозӣ, гуфтааст, ки ҷоизаи мазкур “бозгашти Амрико ба дили ҷаҳониёнро” нишон медиҳад. Хосе Мануеэл Барросо – раиси Кумиссиёни Аврупо ҳам Барак Обамаро табрик гуфтааст. Дар Ховари Миёна мақомоти Фаластиниён гуфтаанд, ки Ҷоизаи Сулҳи Нобел, Барак Обамаро барои талошҳои бештар ҷиҳати расидан ба сулҳ дар Ховари Миёна ташвиқ хоҳад кард. Алиакбар Ҷавонфикр – ёвари раиси ҷумҳури Эрон гуфтааст, ки ҷоиза бояд Барак Обамаро барои поён додан ба беадолатӣ дар ҷаҳон водор кунад. Баъзе аз сиёсатмадорон ва ҳомиёни ҳуқуқ эътои Ҷоизаи Сулҳи Нобел ба Барак Обамаро дуруст надониста ва гуфтаанд, ки ӯ ҳанӯз кори зиёде дар ин замина накардааст. Аз ҷумла Лех Валеса раиси ҷумҳури собиқи Лаҳистон ва номзад ба Ҷоизаи Сулҳи Нобел. Ҷоизаро рӯзи 10-уми декабр дар шаҳри Осло ба соҳибаш тақдим мекунанд.
XS
SM
MD
LG