Пайвандҳои дастрасӣ

Қамбарота-1 ва Қамбарота-2 хусусӣ мешаванд?


Порлумони Қирғизистон Қонун «Дар бораи сохтмон ва баҳрабардорӣ аз нерӯгоҳҳои барқи обии Қамбарота-1 ва Қамбарота-2»-ро лағв кард.

Мувофиқи ин қонун, ду нерӯгоҳи барқи обӣ, ки дар болои рӯдхонаи Норин бунёд мешавад, фурӯхта ё ба гарав монда намешуд. Турсун Турдимамбетов, раиси кумитаи дороии Қирғизистон, ки тарҳи нави ин қонунро ба вакилони порлумони кишвараш пешниҳод кард, гуфт, яке аз далелҳое, ки боиси лағви Қонун «Дар бораи сохмон ва баҳрабардорӣ аз нерӯгоҳҳои барқи Қамбарота-1 ва Қамбарота-2» гардид, мувофиқат накардани он ба Қонун «Дар бораи саҳмияҳои ҷамъиятӣ» аст.

Вай афзуд, аммо тарҳи нави қонун имкон медиҳад, ки барои сохтмони нерӯгоҳҳои Қамбарота 1 ва 2 ҳарчи бештар сармоя ҷалб карда шавад.

Тарҳи ин қонунро ҷиноҳи ҳизби ҳукмрони «Ақ Жол» бо 71 овоз дастгирӣ кард, вале ҷиноҳҳои ҳизби коммунист ва ҳизби сотсиал-демократ ба муқобили пазируфтуни тарҳи нави ин қонун овоз доданд.

Роза Отунбоева, депутат аз ҳизби оппозисиюни сосиал-демократ, мегӯяд, тарҳи нави қонуне, ки пазируфта шуд, хусусигардонии нерӯгоҳҳои барқи Қамбарота 1 ва 2 аз тариқи «Бунёди рушди Қирғизистон»-ро тарҳрезӣ кардааст, аз ин лиҳоз ҷиноҳи ҳизби сосиал-демократ тарҳи нави ин қонунро напазируфт.

Ба гуфтаи Роза Отунбоева, «Бунёди рушди Қирғизистон» як бунёди хусусӣ аст, вале дар сурати истифодаи маблағҳои ин бунёд сохтмони ду нерӯгоҳи барқ ҳамчун гарав ба дасти ин бунёд хоҳад гузашт.


Аммо Алексей Елисеев, раиси «Бунёди рушди Қирғизистон», гуфтааст, ки бунёди ӯ барои ба анҷом расонидани агрегати аввали нерӯгоҳи барқи Қамбарота-2 ба ҷамъияти саҳҳомии «Нерӯгоҳҳои барқ»-и кишвараш 100 миллион доллари амрикоӣ ихтисос додааст.

Ба гуфтаи оқои Елисеев, ҳукумат пешниҳод намудааст, ки моҳҳои октябр ва ноябри соли равон ин бунёд барои нерӯгоҳи Қамбарота-2 ҳудуди 80 миллион доллари иловагӣ ихтисос хоҳад дод.

Моҷарои қабули тарҳи нави қонун дар бораи нерӯгоҳҳои барқи Қамбарота 1 ва Қамбарота 2 дар болои рӯдхонаи Норин замоне ба вуқӯъ пайваст, ки Мишлин Калми-Рей, мушовири федеролӣ ва раҳбари департаменти федеролии умури хориҷаи Швейтсария дар Бишкек бо мақомоти Қирғизистон дидору гуфтугӯҳо анҷом дод.

Хонум Калми-Рей ба хабарнигорон гуфт, ки кишвараш ба Тоҷикистону Ӯзбакистон ва Қирғизистон, ки саргарми ҳалли мушкилоти манобеи об ҳастанд, кумак хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, Швейсария ба ин кишварҳо дар мавриди ташкили мулоқотҳо дар сатҳи минтақавӣ дасти ёрӣ дароз карданист.

Ин дар ҳолест, ки Илёс Давидов, вазири саноат, барқ ва сӯзишвории Қирғизистон, рӯзи ҷумъа изҳор кард, ки ба фикри ӯ, дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мушкилоти обу барқ вуҷуд надорад. Вай афзуд, Осиёи Марказӣ минтақаест, ки обу барқ ва газ ва кӯҳҳои фаровон дорад.

Ба гуфтаи Илёс Давидов, вале СММ метавонад дар мавриди тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбакистон мусоидат намояд.
XS
SM
MD
LG