Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқбол аз ҷоизаи сулҳи Барак Обама


Барак Обама, раисиҷумҳурии Амрико
Барак Обама, раисиҷумҳурии Амрико

Бештари сиёсатмадорон дар Тоҷикистон соҳиб шудани Барак Обама, раисиҷумҳурии Амрико, ба ҷоизаи сулҳи Нобелро ба хушӣ пазируфтанд.

Ба гуфтаи онҳо, талошҳои Обама барои мӯътадилгардонии сиёсатҳои Амрико дар қиболи кишварҳои дигар қобили таҳсин будааст. Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, вай як чунин қадрдонии Барак Обамаро дар як соли қабл пешбинӣ мекард. Вале ӯ мегӯяд, якбора барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел шудани Обама барояш ғайриинтизор буд:

“Соҳиби мукофоти сулҳи Нобел шудани Обамаро шахсан табрик мегӯям. Аслан интизор ҳам будам, ки созмонҳои байнулмилалӣ дар охири кори ӯ, яъне баъд аз чор соли раҳбарияш ба Обама ягон ҷоизаро тақдим мекунанд. Вале аҷоиб шуд, ки дар аввали кори Обама ин ҳолат рух дод ва шояд ин имконе бошад, ки ӯ тавонад дар оянда дар сиёсати байнулмилалӣ боз ҳам нармтару дурандештар ва фаъол бошад”.

Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон аз хабари соҳиби ҷоизаи сулҳи Нобел шудани Барак Обама изҳори хушнудӣ кардаанд ...
Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ҳам аз хабари соҳиби ҷоизаи сулҳи Нобел шудани Обама изҳори хушнудӣ карданд. Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар як сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, дар назари аввал ба далели ин ки Обама раиси ҷумҳурии Амрикост, шояд ин интихоб зери суол равад. Аммо ба гуфтаи ӯ, дар алоҳидагӣ Обама шахсияти арзанда ба ин ҷоиза аст.

Ҷаноби Кабирӣ афзуд, “мавқеъгириҳои Барак Обама аз олами ислом ва тамаддуни исломӣ дар ҷомеаи мусулмонон вокуниши мусбатро ба вуҷуд овард. Фикр мекунам, ин интихоб интихоби баде набуд. Шояд заҳмати дигарон камтар аз заҳматҳои Обама нест. Ва шояд онҳо метавонистанд бо ӯ рақобат кунанд. Вале ба ҳар сурат банда ин интихобро таъйид мекунам ва фикр мекунам он воқеият дорад”.

Раҳматулло Валиев, аз масъулони Ҳизби демократи Тоҷикистон, ҷиноҳи Маҳмадрӯзӣ Искандаров ҳам аз ин хабари, ба гуфтаи худи ӯ, хуш истиқбол кард. Вай гуфт, Обама тавонист дар муддати кӯтоҳи раҳбарияш ба унвони раиси ҷумҳури Амрико ҷаҳонро аз ноамнӣ раҳонад. Вай гуфт, даст кашидани Амрико аз насби мушакҳои зиддиҳавоияш дар Аврупои шарқӣ ва даст рӯйи даст гузоштани ӯ бо раисиҷумҳури Русия аз нодиртарин гузаштҳои ин кишвар дар чанд соли ахир будааст.

Вай гуфт, “то президент шудани Барак Обама худи Амрико дар назари мардуми дунё як давлате, ки ба кори ҳама дахолат мекунад ва ҳалли ҳама масоилро дар зӯрӣ мебинад, ба шумор мерафт. Баробари ба сари қудрат расидани Обама вазъияти муносибат миёни Амрико ва давлатҳои дигар мӯътадил шуд”.

Коммунистоҳои Тоҷикистон ҳам интихоби Барак Обамаро барои соҳиб шудан ба ин ҷоиза салоҳ дониста ва табрик гуфтанд. Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва вакили мардумӣ дар Маҷлиси Намояндагон, дар як тамоси телефонӣ ба Озодӣ гуфт, агар ҳамин лаҳзаҳо дар наздикии Обама мебуд, ҳатман бо хушӣ ӯро таҳният мегуфт ва дасташро мефишурд. Оқои Талбаков гуфт, ҳарчанд назар ва мавқеи ҳизби онҳо бо мавқеи Обама ба унвони як демократ тафовут дорад, вале онҳо аз Обама ба унвони фарде, ки ба нармиши сиёсатҳои ҷаҳонӣ сабаб шудааст, истиқбол мекунанд.

Муовини раиси Ҳизби коммунист мегӯяд, “касе, ки барои сулҳ мубориза мебарад, касе, ки пеши роҳи ҷангро мегирад ва барои мардум оромӣ меорад, мо ӯро ҷонибдорӣ мекунем. Зеро ин нияти нек аст. Аз он ки ба ин ҷоизаи бонуфузтарини дунё Обама соҳиб шудааст, истиқбол мекунем ва агар шумо метавонед, ки паёми моро ба ӯ бирасонед, мо ӯро табрик мекунем”.

Ҳамин тавр баранда шудани Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, ба ҷоизаи сулҳи Нобел, дар маҳофилии сиёсии Тоҷикистон истиқболи густурда ёфтааст. Ва онҳо бовар доранд, ки Обама аз ин ҳама пуштибонӣ ва боварҳо сӯйиистифода намекунад ва баръакс, таваққӯи аҳли ҷаҳонро, ки акнун бо назари имдод ба сӯйи ӯ менигаранд, бароварда созад.
XS
SM
MD
LG