Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳосили сафари Раҳмон ба Туркманистон


Дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Тукрманистон имрӯз чаҳор санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, аз ҷумла ду тараф созишнома дар мавриди таъсиси Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ва баёнияи муштаракеро имзо кардаанд, ки доир ба мӯҳтавои он чизе гуфта нашудааст. Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки Тоҷикистону Туркманистон дар бисёре аз масоили сиёсии минтақавӣ дидгоҳҳои наздик ва ё тавофуқи назар доранд, ки замина барои ҳамкориҳои бештарро фароҳам мекунад. Ба гуфтаи мақомоти расмӣ, ифтитоҳи хатсайри ҳавоӣ миёни пойтахтҳои ду кишвар ва роҳи оҳан барои тақвияти равобит миёни ду кишвар мусоидат хоҳад кард. Бино ба иттилоъи расмӣ, мубодилоти мол миёни Тоҷикистону Туркманистон дар зарфи 9 моҳи гузашта, бештар аз 44 миллион долларо ташкил додааст. Интизор меравад, дар ҷараёни мулоқотҳо як силсила қарордодҳои нав миёни ду ҷониб ба имзо бирасад.

XS
SM
MD
LG