Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии дастаи Тоҷикистон бар Лубнон


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон дар сабқати интихобии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Непал бар тими Лубнон бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.

Ин бозии даври севуми гурӯҳи «В» 9-уми октябр дар варзишгоҳи Дашрати шаҳри Катманду баргузор шуд.

Нахуст Дилшод Расулов, капитани дастаи Тоҷикистон, дар дақиқаи 4-ум ҳисобро боз кард. Голи дуввумро Толибҷон Султонов дар дақиқаи 47-ум ба самар расонд. Голи севумро боз Дилшод Расулов ба дарвозаи тими Лубнон зад.

Ёдовар мешавем, ки пеш аз ин бозӣ дастаи Тоҷикистон бар тими Баҳрайн бо ҳисоби 2:0 пирӯз гашта, сипас бозиро бо тими Эрон бо ҳисоби 0:0 анҷом дода буд.

Дар бозии дигари ин гурӯҳ 9-уми октябр тими Эрон бар дастаи мизбон - Непал бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард.

Дар ҳамин ҳол, дар гурӯҳи «В» дастаи Тоҷикистон мисли пешин бо 7 имтиёз аз 3 бозӣ дар ҷои аввал аст. Тими Эрон бо 4 имтиёз дар ҷойи дуввум мебошад, вале як бозӣ камтар анҷом додааст. Дастаҳои Баҳрайн ва Лубнон 3- имтиёзӣ гирифтаанд. Тими Непал бидуни имтиёз дар ҷои панҷум қарор дорад.

Дар даври чаҳорум 11-уми октябр, нахуст дастаҳои Непал ва Баҳрайн, сипас Лубнон ва Эрон бозӣ хоҳанд кард. Бад ин тартиб, дастаҳои Тоҷикистон ва Эрон барои ба даст овардани роҳхатҳо ба марҳилаи ниҳоӣ шонси беҳтар доранд.

Дастаи Тоҷикистон дар даври охирини сабқати гурӯҳи «В» 13-уми октябр бо дастаи мизбон – Непал қувва меозмояд. Қабл аз ин бозӣ дастаҳои Эрон ва Баҳрайн бо ҳам рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Сабқати интихобӣ аз 8 гурӯҳ иборат аст. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар як гурӯҳ («А» - «G»), инчунин ғолиби гурӯҳи «Н» ва беҳтарин даста аз байни ҷойҳои севум ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат мегиранд.

Дар айни ҳол ду дастаи беҳтарини гурӯҳи «F» - Чин ва Тимори Шарқӣ (бо 13-имтиёзӣ) ва Ҷопон ( аз гурӯҳи «Е») ба сабқати ниҳоӣ роҳ ёфтаанд.

Бозиҳои гурӯҳи «С» (Бутан, Ироқ, Фаластин, Қатар, Сурия ва Яман) 8-уми октябр шурӯъ шуданд: Сурия – Бутан – 10:0, Яман – Ироқ – 0:1, Қатар – Фаластин – 1:0. Сурия, Ироқ ва Қатар 3-имтиёзӣ доранд.

Дар гурӯҳи «D» (Уммон, Урдун, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҳиндустон, Қирғизистон ва Туркманистон) 8-уми октябр 3 бозии дигар бо чунин натиҷаҳо ба анҷом расиданд: Урдун - Туркманистон – 3:2, АМА – Уммон – 2:1, Қирғизистон - Ҳиндустон –– 0:0. Дар ин гурӯҳ Урдун ва АМА бо 7- имтиёзӣ пешсафанд.

Дар гурӯҳи «Е» (Ҷопон, Тайван, Индонезия, Бангладеш ва Филиппин) 7-уми октябр боз 2 бозӣ баргузор шуд: Ҷопон – Тайван – 5:0, Филиппин - Индонезия - 0:9. Дар ин гурӯҳ Ҷопон бо 9 имтиёз дар ҷои аввал аст ва сарфи назар аз натиҷаи бозии охиринаш ба сабқати ниҳоӣ роҳхат гирифтааст. Индонезия 4 имтиёз дорад.

Дар гурӯҳи «Н» се даста – Австралия, Малайзия ва Лаос - дуборӣ бо ҳам қувваозмоӣ мекунанд. Дар ин гурӯҳ ҳамагӣ ду бозӣ доир шудааст: Австралия – Лаос - 7:0, Малайзия – Лаос – 0:6. Австралия ва Лаос 3-имтиёзӣ гирифтаанд.

Бозиҳои гурӯҳи «А» бо ширкати дастаҳои мунтахаби наврасони Афғонистон, Кувайт, Покистон, Арабистони Саудӣ, Шри-Ланка ва Узбакистон 19-уми октябр оғоз меёбанд.

Дастаҳои гурӯҳи «G» (Камбоҷа, Кореяи Шимолӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Мянмар, Тайланд ва Вйетнам) 9-уми октябр ба қувваозмоӣ шурӯъ мекунанд: Кореяи Ҷанубӣ - Мянмар, Тайланд – Камбоҷа, Вйетнам – Кореяи Шимолӣ.
XS
SM
MD
LG