Пайвандҳои дастрасӣ

Обама соҳиби Ҷоизаи Сулҳи Нобел шуд


Ҷоизаи Сулҳи Нобел барои соли 2009 - ро, имсол Барак Обама - раиси ҷумҳури Амрико соҳиб шуд. Кумитаи Норвегии Ҷоизаи Сулҳи Нобел гуфт, Барак Обамаро барои “талошҳои фавқулодааш ҷиҳати дипломатияи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ миёни инсонҳо” сазовори ин ҷоизаи мӯътабар донистааст. Дар баёнияи кумита ҳамчунин “ба дидгоҳи Обама ва кораш барои ҷаҳони орӣ аз силоҳи атомӣ таъкид шудааст ва ҳамчунин омадааст, ки ӯ “фазои наве дар сиёсати байналмилалӣ офарид.” Дар идомаи баёнияи кумита омадааст, “бисёр нодир аст, ки шахсе ба вусъате, ки Обама тавваҷӯҳи ҷаҳонро ба худ ҷалб карда ва ба мардуми он умед барои ояндаи беҳтаре дода бошад.” Баръакси дигар ҷоизаҳои Нобел, ки пажӯҳишгоҳҳои мухталифи Шветсия тақдим мекунанд, барандаи Ҷоизаи Сулҳи Нобелро кумитаи панҷнафарии баргузида аз сӯи Порлумони Норвегия эълом мекунад.
XS
SM
MD
LG