Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Босния ва Ҳерсеговина - мояи нигаронӣ


Интизор меравад, ки имрӯз дипломатҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико ба хотири фӯру нишондани ҷанҷолҳои сиёсӣ дар Босния ва Ҳерсеговина бо сиёсатмадорони ин кишвар мулоқот кунанд. Онҳо саъй доранд, то мухолифатҳои қавмӣ Босния ва Ҳерзоговинаро коҳиш дода ва онро барои идомаи ислоҳот ҷиҳати пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО ташвиқ намоянд. Карл Билдт – вазири умури хориҷаи Шветсия, раҳбари давраии Иттиҳодияи Аврупо ва Ҷим Штейнберг – муовини вазири умури хориҷаи Амрико бо раҳбарони сербҳои боснӣ ва ҷомеаҳои мусулмонӣ ва хорвати Босния ва Ҳерсеговина дар пойгоҳи низомии посдорон сулҳи Аврупо дар наздикии фурудгоҳи Сараево мулоқот кунанд. Ҷанҷолҳои сиёсӣ миёни ин се аққалияти миллӣ дар остонаи интихоботи умумӣ дар ин кишвар авҷ гирифтааст.
XS
SM
MD
LG