Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 40 нафар дар як бозори Пешовар


Инфиҷори мошини бомбгузоришудае дар шаҳри Пешовари Покистон дасти кам 40 нафарро кушта ва бештар аз 100 тани дигарро маҷрӯҳ кард. Миён Ифтихор Ҳусайн, вазири иттилоъоти Манотиқи Шимолуғарбии Покистон гуфт, инфиҷор дар минтақаи пуродами Хайбар Бозор ба вуқӯъ пайвастааст. Касе то кунун масъулияти ин ҳамлаи хунинро бар дӯш нагирифтааст. Пешовар аз шаҳрҳои муҳими шимолуғарбии Покистон аст, ки пайваста мавриди ҳадафи ҷангҷӯёни Толиб ва Ал-Қоида қарор гирифтааст. Айни замон имрӯз Раҳмон Малик – вазири умури дохилаи Покистон гуфт, як нафар аз муттаҳамон ба ҳамлаи рӯзи душанбе ба дафтари Созмони Милал дар шаҳри Исломободро дастгир кардаанд, ки дар он ҳамла панҷ нафар ҳалок шуданд.
XS
SM
MD
LG