Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Н. Хоркашев – барандаи ҷоизаи Саидмӯъмин Раҳимов


Набимуҳаммад Хоркашев, паҳлавони тоҷик
Набимуҳаммад Хоркашев, паҳлавони тоҷик

Дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» дар бораи ғолибони мусобиқаи кушодаи ҷумҳуриявӣ оид ба самбо ба хотираи Саидмӯъмин Раҳимов ва пирӯзии дастаи футболи «Истиқлол» дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон нақл мекунем.

Мусобиқаи кушодаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии самбо барои дарёфти ҷоизаи ёдбуди ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов аз 3-юм то 5-уми октябр дар Қасри варзиши «Самандар-ХХI»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд. Дар он 230 варзишгар аз ҳамаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, инчунин, Беларус, Гурҷистон ва Русия дар 9 вазн тӯли се рӯз қувваозмоӣ карданд.

Набимуҳаммад Хоркашев, ғолиби мусобиқа дар вазни 100 кг, бо ҷоизаи махсус - мошини сабукрави ҷопонии «Toyota Corolla» - мукофотонида шуд. Воқеъан, Саидмӯъмин Раҳимов дар ин вазн 34 сол пеш қаҳрамони ҷаҳон шуда буд. Паҳлавони тоҷик маблағи аз фурӯши ин мошин ба даст омадаро ба хонаҳои кӯдакони ҷумҳурӣ тӯҳфа кард.

Ҷамолиддин Ойхоҷаеви узбакистонӣ, мудири иҷроияи Федеросиюни самбои Осиё ва ҳамзамон дабири кулли Федеросиюни самбои Осиёи Марказӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, «мо Тоҷикистонро маркази самбо дар минтақаи Осиёи Марказӣ интихоб намудем ва умедворем дар ин минтақа самбо рушд хоҳад кард. Итминон дорем, ки Федеросиюни тозатаъсиси самбои Осиёи Марказӣ таҳти раҳбарии Маҳмуди Абдуллоҳ, мутахассиси варзидаи тоҷик, на танҳо дар ин минтақа, балки дар арсаи ҷаҳон пешравӣ хоҳад кард».

Ба гуфтаи Ҷамолиддин Ойхоҷаев бо қарори Федеросиюни байналмилалии самбои ҳаваскорӣ аз соли 2010 сар карда дар Тоҷикистон «Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштии самбо барои гиромидошти хотираи ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов» баргузор хоҳад шуд.

«Истиқлол»-и Душанбе барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2009 гардид


«Истиқлол» дар бозии ниҳоӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар баргузор шуд, бар дастаи ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии дастаи «Истиқлол», ба Радиои Озодӣ гуфт, мо яке аз вазифаҳои худро, ки ба даст овардани Ҷоми Тоҷикистон буд, ба ҷо овардем. Ва акнун тамоми қувваро ба бозиҳои панҷ даври боқимондаи мусобиқаи қаҳрамонии кишвар равона карда, барои дарёфти медалҳои биринҷӣ мубориза хоҳем бурд.

Меҳмони барномаи мо, ҳамчунин, футболбози машҳур Александр Азимов, собиқ бозигари дастаи «Помир»-и Душанбе, мебошад.
Мо бо ин ситораи собиқи футболи тоҷик пас аз анҷоми бозии «Вахш» ва «Энергетик» дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа ҳамсӯҳбат шудем. Вай нахуст дар бораи ин бозии даври 14-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ, ки бо пирӯзии тими «Вахш» бо ҳисоби бузурги 6:1 хотима ёфт, ибрози назар кард:

«Ба назари ман дастаи «Вахш» то дақиқаи 30-юми нимаи аввали бозӣ бартарӣ дошт. Баъдан меҳмонон фаъол шуданд. Қисми дуввум низ бо афзалияти мизбонон гузашт ва онҳо ба таври шоиста ғалаба карданд. Ба фикри ман имсол дастаи «Вахш» қаҳрамон мешавад. Чаро? Чунки аз рақибонаш пеш рафтааст ва ақибнишинӣ нахоҳад кард».


Дар ин бозӣ дар ҳайати дастаи «Энергетик» дар хатти дифоъ Александр Франки 27-сола, фарзанди Александр Азимов, ҳунарнамоӣ кард. Аз Александр Азимов хоҳиш намудам, андешаҳои худро дар бораи бозии писараш – Александри хурдӣ - баён кунад. Вай гуфт, «дар бораи Александр чӣ гӯям. Ман ӯро танқид намекунам, зеро ки футбол бозии дастаӣ мебошад, як кас гунаҳкор шуда наметавонад ва дарвозабонро ҳам гунаҳкор ҳисобидан беинсофист. Ба андешаи ман, хуб мебуд, Александр дар хатти нимҳимоя бозӣ мекард ва ӯ дар ин хатт бештар фоида меовард. Ман медонам, ки дар Олмон ӯ дар хатти нимҳимоя бозӣ мекард».

Александр Азимов дар идомаи сӯҳбат гуфт, «ман дар Олмон ба сар мебарам ва бо тиҷорат машғулам. Се сол пеш ба Душанбе омада будам. Он вақт писарам бо рухсати Федеросиюни футболи Тоҷикистон барои бозӣ кардан ба Олмон сафар карда буд. Чандин бор аст, ки ба шаҳри Душанбе, ба Тоҷикистони азизи худ меоям. Мехоҳам, ки ба мисли бозии имрӯза варзишгоҳҳо пур аз мухлисони футбол бошанд. Чунин шароите барои бачаҳо фароҳам оварда шавад, ки онҳо ба мисли мо тавонанд камол ёбанд. Ва мехоҳам, ки дар оянда футболи тоҷикро дар арсаи ҷаҳон бубинам».

Александр Азимов иброз дошт, ки бо ҳамкасбони собиқи худ аз дастаи машҳури «Помир»-и Душанбе ҳамеша дар тамос аст:
«Ман бо онҳо алоқа дорам. Ба наздикӣ бо Ҳаким Фузайлов, Мӯҳсин Муҳаммадиев, Абдулло Муродов ва Вазген Манасян сӯҳбат доштам. Мо ҳамдигарро дастгирӣ мекунем. Дар ғаму шодии якдигар шарикем. Се моҳ пеш ҳамсари Вазген аз олам чашм пӯшид. Мо барои ин мусибати ба сари дӯстамон омада, ҳар он чи ки аз дастамон омад, кӯмакаш кардем».

Александр Азимов аз он изҳори хушнудӣ кард, ки дар се соли ахир вазъи майдонҳои футбол дар ҷумҳурӣ хубтар шудааст. Вай гуфт, «вале ба фикри ман агар дар ин майдонҳо ба кӯдакон низ имкони бозӣ кардан бидиҳанд, он гоҳ насли нави футболбозон ба воя мерасад. Умуман, дар муддати се соле, ки ман дар Тоҷикистон набудам, бисёр дигаргуниҳо ба чашм мерасанд ва фикр мекунам, ки футбол дар мо эҳё мешавад».

Дар охири сӯҳбати мо Александр Азимов ба мухлисони футбол, бахусус, ба онҳое, ки бозии ӯро хуб дар хотир доранд ва ҳангоми сафари навбатиаш дар варзишгоҳҳои шаҳрҳои Душанбеву Қӯрғонтеппа вайро хуш пазироӣ карданд, изҳори сипос намуд. Ӯ афзуд, «ман ҷумҳурии худро дӯст медорам ва ҳамеша бо он ҳастам. Ҳар чизе ки аз дастам ояд, барои футболи тоҷик, дареғ нахоҳам дошт».

Инчунин дар ин барнома ба шунавандагон хабарҳои варзиши ҷаҳонӣ пешкаш мешаванд:

Кумитаи байнулмилалии олимпӣ шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилияро макони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 интихоб кард. Дар давраи ниҳоии сабқати шадид байни шаҳрҳои Рио-де-Жанейро ва Мадрид 95 дарсади раъйдиҳандагони Кумитаи байнулмилалии олимпӣ бар нафъи Рио-де-Жанейро овоз доданд. Дар таърихи бозиҳои олимпӣ бори аввал аст, ки мизбони он шаҳре аз Амрикои ҷанубӣ интихоб мешавад.

Дар ҳоле ки мизбони Олимпиадаи соли 2016 муайян шудааст, Кумитаи байнулмилалии олимпӣ дар фикри Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 мебошад. Барои мизбонии Олимпиадаи соли 2020 Рими Итолиё, Миннеаполиси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Торонтои Канада, Мадриди Испониё, Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ва Доҳаи Қатар мубориза хоҳанд бурд.

Шаҳри Мюнхен ё Мунихи Олмон барои мизбонии Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2018 ба таври расмӣ ба Кумитаи байнулмилалии олимпӣ дархост пешниҳод намуд. Дар ҳамин ҳол ба ғайр аз Мюнхен шаҳри Ансии Фаронса ва шаҳри Пхенчхани Куриёи Ҷанубӣ хоҳиши баргузории Олимпиадаи соли 2018-ро кардаанд.

Соҳиб Усаров, муштзани тоҷик, дар як сабқати бокси ҳирфаӣ дар шаҳри Маскав бар намояндаи Русия Александр Фёдоров дастболо шуда, дар вазни сабуктарин ба унвони қаҳрамони Аврупо аз рӯи ривояти WBO даст ёфт. Усаров дар ҳамаи 13 қувваозмоии худ дар бокси ҳирфаӣ ғолиб шуда, ду бор камарбанди қаҳрамони Русия ва Аврупоро соҳиб гаштааст.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.
XS
SM
MD
LG