Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Харастӣ хостори дифоъ аз Подрабинек шуд


Миклош Харастӣ, намояндаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот, ки айни ҳол дар Маскав қарор дорад, бо ирсоли як нома унвонии вазорати умури хориҷаи Русия хостори дифоъ аз хабарнигор ва ҳомии ҳуқуқи башар Александр Подрабинек шуд. Миклош Ҳарастӣ дар сӯҳбат бо радиои “Эхо Москвы” гуфт, афроде, ки ба Подрабинек таҳдид мекунанд, аз нашрияи “Новая газета” хостори иттилои инфиродӣ дар бораи хабарнигор шудаанд, ки аслан қобили таҳаммул нест. Маъракаи таҳдиду фишор болои Александр Подрабинек аз сӯи ҷунбиши кремлии “Наши” созмон дода шудааст. Ин созмони ҷавонон хабарнигорро дар он айбдор мекунанд, ки дар як навиштааш собиқадорони ҷангро таҳқир кардааст. Онҳо дар канори манзили Александр Подрабинек пикети шабонарӯзӣ доир кардаанд.
XS
SM
MD
LG