Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия ва Арманистон дар Сюрих оштӣ мекунанд


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи ИМА, ба хотири ширкат дар маросими таърихии оштӣ миёни Туркия ва Арманистон рӯзи шанбе ба Сюрих сафар мекунад. Ба иттилоъи намояндаи Департаменти давлатии ИМА, хонум Клинтон мехоҳад бо истифода аз фурсат бо ҳамтоҳояш аз Русия, Фаронса ва Иттиҳодияи Аврупо, ки низ ба маросим даъват шудаанд, масоили марбут ба барномаи ҳастаии Эронро баррасӣ кунад.
Интизор меравад, ки Арманистон ва Туркия бо имзои созишнома равобити дипломатиро барқарор ва марзҳояшонро боз мекунанд ва ба ин васила ба душмании қариб садсола хотима мегузоранд. Авоили қарни гузашта дар ҷараёни ҷанги якуми ҷаҳон садҳо ҳазор арманиҳо аз сӯи Туркияи усмонӣ ба қатл расида буданд.
XS
SM
MD
LG