Пайвандҳои дастрасӣ

Мандати нерӯҳои НАТО дар Афғонистон тамдид шуд


Шӯрои амнияти СММ мандати нерӯҳои Эътилофи байнулмилалии таҳти фармони НАТО дар Афғонистонро барои боз як соли дигар тамдид кард. Аз тамдиди мандат намояндагони ҳамаи 15 кишвари узви Шӯрои амният пуштибонӣ карданд. Дар қарори Шӯрои амният аз Эътилоф даъват шудааст, ки таълиму тамрини нерӯҳои афғонро идома диҳанд, то ки онҳо тавони мустақилона дифоъ кардани кишвари худро дошта бошанд. Дар ин санад ҳамчунин ба зарурати дифоъ аз мардуми ғайринизомӣ таъкид шудааст. Ба Эътилофи байнулмилалии таъмини амният дар Афғонистон тақрибан 65 ҳазор афсару сарбоз, аз ҷумла, ҳудуди 32 ҳазор низомиёни амрикоӣ шомиланд.
XS
SM
MD
LG