Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алиев ва Саргсян мавзӯъи Қарабоғи кӯҳиро баҳс карданд


Дар арафаи нишасти сарони кишварҳои Ҷомеъаи ҳамсуд дар Кишинёв руасои ҷумҳуриҳои Озарбойҷон ва Арманистон Илҳом Алиев ва Серж Саргсян аввал дар ҳузури намояндагони гурӯҳи Мински Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (ИМА, Русия ва Фаронса) ва баъдан дар мулоқоти ҷудогона масоили марбут ба ҳалли қазияи Қарабоғи кӯҳиро баррасӣ карданд. Намояндагони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ин мулоқотҳоро созанда арзёбӣ карда ва гуфтанд, миёни сарони ду кишвар ҳамагӣ чанд мавзӯъе боқӣ мондааст, ки онҳо то ҳол тавофуқ ҳосил накардаанд.
XS
SM
MD
LG