Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти сарони кишварҳои Ҷомеъаи ҳамсуд дар Кишинёв


Имрӯз дар шаҳри Кишинёв, пойтахти Молдова нишасти сарони кишварҳои узви Ҷомеъаи ҳамсуд баргузор мешавад. Дар ин саммит раҳбарони ҳафт кишвари узви ин созмон, аз ҷумла, раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ширкат хоҳанд кард. Сарони Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон дар нишаст ҳузур нахоҳад дошт. Аз Тоҷикисон дар нишасти Кишинёв сарвазир Оқил Оқилов намояндагӣ хоҳад кард.
Ба иттилоъи расмӣ, сарони кишварҳои узви Ҷомеъаи ҳамсуд чораҳои муштарак дар роҳи мубориза бо бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ва омодагиҳо ба таҷлил аз 65-солагии пирӯзӣ дар ҷанги дуввуми ҷаҳонро баррасӣ хоҳанд кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG