Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мюллерро бо ҷоизаи Нобел табрик мекунанд


Нависандаи олмонӣ Ҳерта Мюллер барандаи имсозаи ҷоизаи Нобел дар риштаи адабиёт дониста шуд. Питер Энглунд, дабири доимии Фарҳангистони Шведсия зимни эълони исми барандаи ҷоиза дар Стокҳолм гуфт, ки ҷоизаи Нобел ба нависанда Ҳерта Мюллер тақдим хоҳад шуд, ки “бо эҳсоси шоирона ва самимияти мансур ҳаёти афроди бехонаву ҷошударо тасвир кардааст". Хонум Мюллер соли 1953 дар хонаводаи олмониҳо дар минтақаи ҷанубуғарби Банати Руминия ба дунё омадааст. Дар ин минтақа аққалиятҳои миллӣ аз қабили сербҳову маҷориҳо ва олмониҳову руминҳо зиндагӣ мекунанд. Соли 1987 вай ба Олмон муҳоҷират мекунад. Бо пахши изҳороте тавассути ношири худ хонум Мюллер гуфтааст, ки вай аз шунидани хабари пирӯзиаш дар ҳайрат мондааст. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел бо табрики нависанда гуфтааст, ки ваҳшонияти замони диктотурии коммунистӣ ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд. Вазири хориҷӣ Френк-Валтер Штенмайер гуфт, ки ҳоло Мюллер рамзи пайванде миёни мардуми Олмону Руминия гардид.
XS
SM
MD
LG