Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷалби ОМ ба таъмини нерӯҳои ИМА


Идораи намояндаи тиҷории ИМА мехоҳад фаъолияти кишварҳои Осиёи Марказиро дар таъмини амалиёти Афғонистонро тавсеъа бахшад. Муовини намояндаи тиҷорати ИМА Деметриос Марантис мегӯяд, ширкати фаъоли кишварҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини амалиёти Афғонистон боиси рушди иқтисодии онҳо хоҳад шуд.

Ҳафтаи равон мақомоти ИМА вазирони тиҷорати панҷ кишвари Осиёи Марказӣ: Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Туркманистонро ҳамроҳ бо ҳайъати Афғонистон барои музокироти тавсеаи тиҷорату сармоягузориҳо ба Вашингтон даъват кардааст.

Марантис меафзояд, Вазорати тиҷорати ИМА дар якҷоягӣ бо Вазорати мудофиа ва дигар ниҳодҳои давлатии ин кишвар рӯи ташаббуси ҷадид гуфтушунид дорад, ки ҳадаф аз он тавсеаи ширкати кишварҳои Осиёи Марказӣ дар таъминоти нерӯҳои амрикоии мустақар дар минтақа аст. Ба гуфти мансабдори баландпояи амрикоӣ ,ин ташаббус ТИФА, яъне чорчӯби созиши тиҷорат ва сармоягузорӣ унвон дошта, иҷрои он имкон медиҳад, ки дар Осиёи Марказӣ ҷойҳои кории нав пайдо шуда, манфиатҳои амниятии ИМА низ татбиқ гарданд.
Дар аввалин ҷаласаи Шӯрои ТИФА, ки рӯзи 8-уми октябр, (ба вақти ИМА) барпо мешавад, дар баробари вазирони тиҷорати кишварҳои Осиёи Марказӣ мансабдорони Вазорати мудофиаи ИМА ҳам ҳузур хоҳанд дошт.

Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ консули Тоҷикистон дар Вашингтон Бурҳон Мирзоалиев гуфт, ҳайъати Тоҷикистон зери раҳбарии вазири тиҷорат ва рушди иқтисодии ҷумҳурӣ Ғуломҷон Бобозода феълан дар музокирот аст ва тафсилоти он фақат баъд аз анҷоми нишаст эълон хоҳад шуд. Бурҳон Мирзоалиев илова кард, ки дар нишаст Ғуломҷон Бобозодаро сафири Тоҷикистон дар ИМА Абдуҷаббор Ширинов ва раиси утоқи тиҷоратии Тоҷикистон Шариф Саид ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҳузури рӯзноманигорон дар нишасти дурӯза зери унвони «Тиҷорат ва Сармоягузорӣ дар Роҳи Абрешим - Роҳҳои нави тавсеаи равобити ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ» манъ мебошад. Тафсилот, тавре дипломати тоҷик гуфт, баъди анҷоми мулоқот пешкаш хоҳад шуд.

Сухангӯи идораи намояндаи тиҷории ИМА хонум Керол Гутрӣ гуфт, дар ҳоли пешбурди бомуваффақияти ташаббуси ТИФА ширкатҳои маҳаллии Осиёи Марказӣ имкон хоҳанд дошт, ки аз роҳи таъмини эҳтиёҷоти низомиёни ИМА ба ҳамкориву сармоягузориҳои бештари амрикоӣ даст ёбанд.

Муовини намояндаи тиҷорати ИМА мегӯяд, дар чорчӯби ташаббуси ТИФА ҳар сол ду дафъа мулоқот хоҳанд кард. Аслан ташаббуси мазкур соли 2004-ум оғоз ёфтааст.

Бар илова, ИМА тасмим гирифтааст, бо ҳар яке аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ мушкилиҳову роҳҳои ҳалли онро баҳс хоҳад кард. Марантис кишварҳои Осиёи Марказиро ба коҳиши монеаҳо дар тиҷорату сармоягузориҳои байниҳамдигарӣ ташвиқ кардааст.
XS
SM
MD
LG