Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги миллат аз мурдани забон ибтидо мегирад


Забони модарии худро гум кардани ҳазорон бачаи тоҷик дар Русия андӯҳи ғамбор барои донишмандони муҳоҷири тоҷик дар ин кишвар шудааст. Профессори забоншиноси тоҷики муқими Маскав Боғшоҳи Лашкарбек ин равандро фоҷеъаи миллӣ мешуморад ва мегӯяд, ҳар қавме, ки забони худро аз даст дод, оянда нахоҳад дошт, дар ҳоле ки забон нирӯи фарҳангӣ ва шиносномаи миллат аст.

Бино ба омори дастрас, танҳо дар вилояти Свердлов, воқеъ дар минтақаи Урали Русия, 1600 ва дар Осетияи Шимолӣ, минтақаи қафқозии Русия ҳудудан 600 кӯдаки тоҷик бо забони русӣ таҳсил мекунанд.

Абдуқодири Ализода, забоншиноси дигари тоҷик дар Маскав, ҳам бар ин бовар аст, ки он бачаҳои тоҷик, ки дар Русия парвариш меёбанд, ба гумон аст, ки дигар тоҷикбача бошанд, ба ин далел ки на танҳо аз нигоҳи забонӣ, ҳамчунин аз нигоҳи ахлоқӣ ва фарҳангӣ ва хонаводагӣ зудуда мешаванд ва аз нигоҳи миллӣ дар тинати онҳо ҳеҷ навъ ифтихори миллӣ боқӣ намемонад.

Адабиётшинос Хуршедаи Даврондухт, раиси маркази фарҳангии тоҷикон дар Маскав ва мудири мактаби шанбегии тоҷикӣ дар Маскав дар солҳои 1996-97 мегӯяд, барои ҷилавгирӣ аз нобудии забонии мардуми тоҷик тадрис дар мактабҳои шанбегӣ дар Русия ба ҳар қиммате ки бошад бояд аз сар гирифта шавад, дар акси ҳол миллати тоҷик дар муҳоҷират ба фоҷеъаи миллӣ рӯ ба руст.

Раиси Маркази фарҳангии тоҷикони муқими Русия Хуршедаи Даврондухт ҳамзамон гуфт, мақомоти шаҳри Маскав дар солҳои 1996-98 ду бор ба онҳо мактаб дод ва аммо ба далели пуштибонӣ надидан аз ҷониби соҳибони забон фаъолияти он мактабҳо қатъ шуд.

Бино ба омори Созмони «Муҳоҷират ва ҳуқуқ» дар Маскав, дар Русия феълан 200 ҳазор мардуми Тоҷикистон мақоми шаҳрвандӣ дарёфт кардаанд. Шумораи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳудудан як миллион гуфта мешавад. Бино ба қонунҳои Русия, фарзандони тамоми муҳоҷирон дар Руссия ҳаққи таҳсили ройгон дар мактабҳои ин кишварро доранд ва таҳсил пурра бо забони русист.

Ба гуфтаи забоншиноси тоҷик Фотеҳи Абдулло, қарни 20 замони ваҳшатноки хушкидани решаҳои забони форсӣ дар Мовароуннаҳр, Қафқоз ва қораи Ҳинд буд. Акнун, бар илова, муҳоҷирати тоҷикон дар қарни 21 ба Русия, Амрико ва кишварҳои арабиро метавон думболаи ҳамон мусибати ҳуввияткуш унвон кард.
XS
SM
MD
LG