Пайвандҳои дастрасӣ

Сармозадаҳо зиёд шудаанд


Ба иттилоъи идораи тандурустии вилоят, бемориҳои сармозадагии узвҳои шадиди нафаскашӣ ва илтиҳоби шуш дар Бадахшон дар ҳоли афзоиш будааст.

Мутахассисон риоя нашудани меъёрҳои ҳифозати бадан бо либоси гарм дар фасли зимистон ва зист дар манзилҳои сардро сабабҳои густариши бемориҳои хунукзадагӣ мешуморанд. Сокинон мегӯянд, дар ҳоле ки дар манзилҳои истиқоматии барҳавои анъанавӣ аз чор тараф ба воситаи дару тиреза шамол медарояд, барои гарм намудани чунин манзилҳо масраф намудани барқ ва сӯзишвории зиёд лозим меояд.

Ба мақсади ҳизфи гарминигаҳдорӣ дар манзилҳои истиқоматӣ ва сарфа намудани сӯзишворӣ GTZ дар Бадахшон лоиҳаи вижаеро роҳандозӣ кардааст. Ба гуфтаи масъули барнома Рустам Зеваров, то ба ҳол 120 хонавода дар навоҳии Мурғоб, Роштқалъа ва Шуғнон аз технологияи гарминигаҳдорӣ истифода кардаанд. Вай гуфт, дар ихтиёри ин хонаводаҳо ба мақсади насби дару тирезаи махсус, ки устоҳои маҳаллӣ аз мутахассиси даъватшуда ёд гирифтанд, қарзи имтиёзноки бонкӣ гузошта шуд.

Ба гуфтаи танзимгари Бунёди қарзии хурди «Мадина» Моҳира Шамирова, бо дарки аҳамияти истифодаи технологияи гарминигаҳдорӣ сафи харидорон ва қарзхоҳон ба ин мақсад афзоиш ёфтааст.

Ба фикри дастандаркорони барнома истифодаи технологияи нав ба сокинон на танҳо барои сарфаи буҷаи хонаводагӣ, балки ҳамчунин барои ҷилавгирӣ аз хатароти биёбоншавӣ кӯмак мекунад. Намояндаи минтақавии созмони олмонӣ Рейнхард Бодемайёр мегӯяд, сокинони иқлимаш сарди Мурғоб тамоми фаслҳои сол қариб ягона намуди буттаи бисёрсолаи тезканро решакан намуда, барои гармкунии манзилҳои истиқомати истифода мебаранд. Вай гуфт, аммо истифодаи усулҳои гарминигаҳдорӣ талабот ба трескенро коҳиш медиҳад ва ба беҳбуд бахшидани вазъи экологӣ мусоидат мекунад.

Созмони олмонӣ ба мақсади ҷилавгирӣ аз биёбоншавӣ ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо мақомот ва иҷоракорон барои барқарорсозии 180 гектар ҷангал дар ноҳияи Ишкошим ва 100 гектари дигар дар ноҳияи Роштқалъа кор мебарад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG