Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи энержии қазоқҳову қирғизҳо


Қирғизистон ва Қазоқистон ба тавофуқ расиданд, ки дар фасли зимистон нерӯгоҳи барқиву ҳароратии Бишкек ба мушкилоти маводи сӯхт мувоҷеҳ нахоҳад шуд.

Гуфта мешавад, Қазоқистон ин нерӯгоҳро дар фасли сармо бо маводи сӯхт бетанаффус таъмин хоҳад кард.

Ба иттилоъи дафтари матбуоти ҳукумати қирғиз, дар пайи мулоқоти Игор Чудинов, нахуствазири ин кишвар, бо ҳамтои қазоқаш Карим Масимов, ки рӯзи чоршанбеи ҳафтаи равон баргузор шуд, ҷонибҳо масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаи обу барқро баррасӣ карданд. Ойбек Султонғозиев, сухангӯи нахуствазири Қирғизистон, дар ин маврид ба радиои Озодӣ гуфт, иҷрои санадҳое, ки Шӯрои байниҳукуматии ин ду кишвар дар Остона ба имзо расонидаанд, дар меҳвари гуфтушуниди раҳбарони ҳукумати Қирғизистону Қазоқистон қарор гирифт. Ин манбаъ гуфт, тибқи натиҷагирии ин музокирот фасли сармо Қазоқистон нерӯгоҳи барқиву ҳароратии шаҳри Бишкекро бо ангишт ва мазут таъмин мекунад.

Ба таъкиди Ойбек Султонғозиев, яке аз масъалаҳои дигаре, ки дар ҷараёни ин гуфтушунид муҳокима гардид, эҳтимоли ихроҷи Ӯзбакистон аз иттиҳоди ягонаи барқи Осиёи Марказӣ буд, ки ин иқдом минтақаи ҷануби Қазоқистонро ба мушкилоти об рӯбарӯ хоҳад кард. Сухангӯи нахуствазири Қирғизистон мегӯяд, дар ҳамин ҳол Ӯзбакистон тасмим гирифтааст, ки аз иттиҳоди ягонаи обу барқи Осиёи Марказӣ хориҷ мешавад. Вай афзуд, ба ин далел нахуствазирони қирғизу қазоқ роҳҳои раҳоӣ аз ин бӯҳронро бо ҳам ҷустанд, то ки ихроҷи Ӯзбакистон аз ин иттиҳод як минтақаи бузурги Қазоқистонро ба мушкилоти печдарпеч мувоҷеҳ накунад.

Ойбек Султонғозиев ҳамчунин гуфт, дар паҳлӯи ин масъала Игор Чудинов ва Карим Масимов фасли сарморо бидуни мушкилот чи тавр сипарӣ кардани Қирғизистонро низ матраҳ карданд. Қазоқистон изҳор кардааст, ки баъди ихроҷи Ӯзбакистон аз иттиҳоди ягонаи обу барқи Осиёи Марказӣ ҳамкориҳо дар заминаи обу барқро бо Қирғизистон бештар тавсеа хоҳад дод. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Бишкек дар навбати худ иброз доштаанд, ки агар Қазоқистон нерӯи иловагии барқи онро нахарад, маҷрои оби рӯдхонаашон ба самти Қазоқистонро коҳиш хоҳанд дод.

Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон, зимни анҷоми як сафари расмӣ ба Бишкек моҳи апрели соли 2007 ваъда дода буд, ки кишвараш дар бунёди нерӯгоҳҳои барқи Қамбарота-1 ва Қамбарота-2, ҳамчунин сохтмони роҳи Узун-Оғош-Кемин-Иссиқкӯли Қирғизистон дасти кумак дароз хоҳад кард. Коршинонсон мегӯянд, вале ваъда додан ҳанӯз ҳалли масъала нест. Ба ақидаи коршиносони қирғиз, ваъдае, ки дар пай иҷро надорад, нуфузи ҳамон кишвар ва раҳбари онро фақат коҳиш хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG