Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози музокираҳои амниятии Гурҷистону Амрико


Сафорати Амрико дар Тифлис мегӯяд, ки ИМА ва Гурҷистон моҳи ҷорӣ дар масоили амниятӣ гуфтугӯе анҷом хоҳанд дод. Дар як изҳороти сафорат гуфта мешавад, ки Александр Вершбоу, мушовири вазири дифои Амрико дар умури амнияти байналмилалӣ дар садри ҳайате рӯзҳои 19-20 октябр барои шурӯи даври аввали музокираҳои гурӯҳӣ дар чаҳорчӯби Оинномаи ҳамкориҳои стратегии Амрикову Гурҷистон ба Тифлис меравад. Дар изҳорот омадааст, ки ислоҳоти умури дифоии Гурҷистон, саҳми ин кишвар дар амалиёти НАТО дар Афғонистон дар меҳвари ин гуфтугӯҳо қарор хоҳад гирифт. Соли гузашта Гурҷистон ва Русия вориди ҷанги кӯтоҳмуддате дар минтақаи Осетияи Ҷанубӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG