Пайвандҳои дастрасӣ

Либерман ба сулҳи зуд бо Фаластин бовар надорад


Вазири умури хориҷии Исроил гуфт, ки дар фурсати наздик ҳеҷ шонси расидан ба сулҳ бо Фаластин вуҷуд надорад. Зимни сӯҳбат бо радиои Исроил Авигдор Либерман гуфт, “ҳар кас, ки мегӯяд дар чанд соли наздик созише дар мавриди хатми низоъҳо ҳосил хоҳад шуд, вазъро дарк намекунаду дигаронро гумроҳ мекунад ва боиси нофаҳмиҳову эҷоди ихтилофҳо мешавад”. Либерман ишора кардааст, ки исроилиҳову фаластиниҳо бояд ба як созиши байниҳамдигарӣ барои таъмини субот даст ёбанд, вале баррасии масъалаҳои вазнинтари дуҷонибаро ба марҳилаи баъдӣ вогузор кунанд.
XS
SM
MD
LG