Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳаввулоти Афғонистон ва нигарониҳои Тоҷикистон


Масъулони Маркази мутолеъоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯянд, хуруҷи неруҳои Амрико ва НАТО аз Афғонистон ба манфиати кишварҳои минтақа , ба хусус Тоҷикистон нахоҳад буд.

Ин мавзӯъ дар нишасти коршиносони Маркази мутолеъоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе матраҳ шуд.

Таҳаввулоти ахир дар Афғонистон нигарониҳоеро дар миёни ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба бор овардааст, ки мақомоти давлати Тоҷикистон паёмади онро ба нафъи субботу амният дар ин кишвар намедонанд. Худойбердӣ Холиқназаров, масъули таҳияи барномаҳои миллии Маркази мутолеъоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар ин бора гуфт, «тамоми ҷомеъаи ҷаҳониро лозим аст, то барои субот дар Афғонистон талош кунанд. Манфиати кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ба хусус Тоҷикистон бояд ба назар гирифта шавад. Дар сурати ба назар нагирифтани ин манфиатҳо, гумон аст, ки сулҳ ба осонӣ дар Афғонистон пойдор гардад. Мо тарафдори онем, ки неруҳои низомии Ғарб - НАТО ва Амрико таъминкунандаи сулҳ дар Афғонистон бошанд. Агар ин неруҳо воқеан тавонанд сулҳро таъмин кунанд, ҳузури онҳо ҳеҷ мушкиле барои мо надорад. Албатта, фирори онҳо аз Афғонистон боиси бадбахтӣ на танҳо барои Афғонистон, балки барои кишварҳои ҳамсоя, ба хусус Тоҷикистон хоҳад шуд. Зеро Толибон як неруи азим ҳастанд ва барои марзи Тоҷикистон ва дигар кишварҳо хатар хоҳанд дошт».

Ин дар ҳолест, ки Исмоил Раҳматов, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Русия бар ин назар аст, ки ҳузури неруҳои Амрико ва НАТО дар муддати ҳашт соли ахир боиси нооромиҳои бештар ва сабаби қафомонии иқтисодии ин кишвар шудааст, «ба таври умум метавон гуфт, ки неруҳои Амрико ва НАТО натавонистанд ба аҳдофи худ бирасанд. Маҳз усули нодурусти муборизаашон бо Толибон омили муташанниҷ шудани авзоъ дар Афғонистон ва монеъе дар рушди иӯтисодии ин кишвар шудааст».

Аммо Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази мутолеъоти стратегии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон назари мухолиф дорад, «қазияи Афғонистон мавриди таваҷҷуҳи Маркази мутолеъоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон аст. Албатта, дуруст аст, ки вазъ дар ин кишвар дар ҳоли бад шудан аст, аммо ин ба маънои он нест, ки имкониятҳои НАТО ва Амрико дар ин кишвар аз байн меравад. Ин гапи дурӯғ аст. Дар Афғонистон вазъияти солҳои 1992 то 1995- и Тоҷикистон аст. Ҳама ҳангома мекунанд, ки вазъият дар Афғонистон бад аст, аммо дар дохил ҳама масъалаҳо ҳал шуда истодааст, роҳҳо, мактабҳо, бемористонҳо ва дигар иншоот сохта шуда истодаанд, ки аз пешрафти ин кишвар дарак медиҳад».

Субҳон Кошонов, мушовири раисҷумҳури Тоҷикистон, мавқеъи ин кишварро дар қиболи қазияи Афғонистон ин тавр баён кард, «қазияи Афғонистон роҳи низомӣ надорад. Бо зӯр наметавон ин масъаларо ҳал кард. Роҳи ҳал гуфтугӯ аст. Ҳамон гуна, ки мо – тоҷикон сари мизи гуфтугӯ нишастем ва сулҳ кардем».

Ба ин тартиб, мақомоти Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки ин кишвар аз нахустин ҷонибдорони амалиёти Эътилофи байналмилалӣ алайҳи терроризм дар Афғонистон ба раҳбарии Амрико ва муттаҳидонаш аст, ки то кунун мусоидати заминӣ ва ҳавоии хешро барои кумак ба ин неруҳо ироа кардааст. Ин амалиёт дар тирамоҳи соли 2001 дар Афғонистон оғоз шуда буд.

Бархе аз ширкаткунандагони нишасти имрӯз таҳаввулоти ахир дар Афғонистон, ба хусус вазъи неруҳои Амрико ва НАТО –ро шабеҳи вазъияти нерӯҳои Шӯравӣ дар беш аз 20 соли пеш талаққӣ карданд. Аммо муқоисаи мизони талафоти неруҳо дар ин набардҳо аз ҳамдигар тафовути ҷиддӣ дорад. Зеро ҳамакнун тибқи гузоришҳо дар пайи амалиёти эътилофи алайҳи терроризм дар Афғонистон 778 нафар амрикоӣ кушта ва 4, 5 ҳазор тани дигар ҷароҳатҳои мухталиф бардоштаанд. Аммо теъдоди кушташудагони артиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷанги Афғонистон дар солҳои 1979 то 1989 беш аз 13 ҳазор эълом шудааст.
XS
SM
MD
LG