Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳерта Мюллер - барандаи Нобел дар риштаи адабиёт


Нависандаи олмонӣ Ҳерта Мюллер барандаи имсозаи ҷоизаи Нобел дар риштаи адабиёт дониста шуд. Питер Энглунд, дабири доимии Фарҳангистони Шведсия зимни эълони исми барандаи ҷоиза дар Стокҳолм гуфт:

“Ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт дар соли 2009-ум ба нависанда хонум Ҳерта Мюллер тақдим хоҳад шуд, ки бо эҳсоси шоирона ва самимияти мансур ҳаёти афроди бехонаву ҷо шударо тасвир кардааст".

Вай афзуд, ки аз як сӯ баёни хеле ҷолиб ба як забони хос ва аз сӯи дигар, қиссаи шунидание оид ба замони бачагиаш дар даврони диктотурӣ, инчунин мақоми аққалияте, ки ӯ дар кишвари дигар дошта ба мисли як бегонае дар оилаи худ бузург шудааст, ӯро чун як нависандаи хеле қавиву беҳамто таҷассум мекунад. Хонум Мюллер соли 1953 дар хонаводаи олмониҳо дар як шаҳраки хурди Руминия ба дунё омадааст. Фарҳангистони Шведсия заҳматҳои Ҳерта Мюллерро ҳам дар бахши шеър ва ҳам қиссагӯӣ эътироф кардааст. Яке аз охирин асарҳои ӯ бо номи "Таъинот" тафсилоти зиндагии мардумро дар замони раҳбарии Николай Чаушеску замони бозгӯ мекунад.
Хонум Мюллер, ки соли 1987 ба Олмон муҳоҷират кардааст, дар солҳои 1970-ум барои напазируфтани шарти ҳамкорӣ бо полиси махфии вақт аз ҷои кор маҳрум шудааст. Аввалин китоби ҳикояҳои ӯ ба забони немисӣ, ки соли 1982 чоп шуда буд, аз ҷониби мақомоти Руминия сонсур шуд. Ӯ дар хонаводаи аққалияти олмонии Руминия таваллуд шуда модари вай баъди ҷанги дуюми ҷаҳон ба урдугоҳҳои кории шӯравӣ фиристода шудааст.
XS
SM
MD
LG