Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусалмонони ҷаҳон 1,57 миллиард нафар ҳастанд


Гузориши тозанашре мегӯяд, ки ҷамъияти мусалмонони ҷаҳон ҳоло ба 1,57 миллиард нафар баробар шудааст. Ин маънои онро дорад, ки ҳоло ҳар нафари чаҳорум дар ҷаҳон аз дини Ислом пайравӣ мекунанд. Гурӯҳи Pew, воқеъ дар Вашингтон, ки масоили мазҳабию ҷамъиятиро мавриди таҳқиқ қарор медиҳад, мегӯяд, гузориши мазкур маълумоти фарогиру тозатаринро дар ин замина пешниҳод кардааст. Хулосаи мазкур бар асоси арқоми демографӣ, гузоришҳои оморӣ ва дигар маълумоти 232 давлату манотиқи ҷаҳон ҷамъбаст шудааст. Маълумоти пешина дар ин замина ҳокӣ аз он буд, ки дар сайёра куллан 1,8 миллиард мусалмон ба сар мебарад. Тибқи гузориши мазкур, дини ислом баъди мазҳаби масеҳӣ пурнуфустарин дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Ҳоло дар ҷаҳон 2,1 миллиард пайрави дини масеҳӣ ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG