Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Канори ҳам бо Роҳи абрешим


Як гурӯҳ донишҷӯёни ҳунарманди чиноӣ дар Душанбе бо сафари ҳунарӣ қарор доштанд ва ҳам чанд барномаи ҷолибу рангини консертӣ анҷом доданд.

Онҳо барномаи худро «Канори ҳам бо роҳи абрешим» номгузорӣ карданд, чун дар ин барнома оҳангҳо бо забони мухталиф чиноӣ, уйғурӣ, қазоқиву русӣ ва ҳам рақсҳои мардуми кишварҳои гунонгун иҷро шуданд.

Ҷинг Ксиппини, раҳбари гурӯҳи ҳунармандони ҷавон, мегӯяд, мусиқии чиноӣ таърихи беш аз чандинҳазорсола дорад ва дар тӯли қарнҳомусиқии кишварҳои Осиёи Ҷанубиву Марказӣ, Шарқи Миёна ва Осиёи Шимолу Шарқӣ ба он таъсир гузоштааст. Оҳангҳои чиноӣ, ҳамчунин, баъзе аз вижагиҳои мусиқии мардуме, ки шомили кишварҳои чиноӣ буданд, аз ҷумла, ӯйғурҳову муғулҳо ва тибетиҳоро дар худ ҷой додааст.

Дар мусиқии чиноӣ созҳои мусиқӣ нақши аслиро мебозанд, ки навозиши ин созҳо ба таронаву рақс тобиши тоза медиҳад. Масалан, грифа, гитори чиноӣ, яке аз созҳои маъмули ин мардум аст, ки садои хеле аҷиб дорад.

Яке аз дигар сози мусиқии чиноӣ, ки хеле қадимӣ аст, ерҳу ном дорад, ки ғиҷаки муғулҳои кӯчманчист ва Ма Ксюан, навозандаи ин асбоб, мегӯяд, ҳанӯз аз даҳсолагӣ барои навохтани ин соз машқ мекунад, аммо то ҳанӯз натавонистааст ба пуррагӣ аз навои сеҳрангези ин сози мураккаб баҳра барад.

Ҳайъати 25 нафарии ҳунармандони ҷавони ҷиноӣ дар Душанбе 2 барномаи консертӣ иҷро карданд. Ва барои анҷоми барномаҳои ҳунарии худ озими Қазоқистон шуданд.
XS
SM
MD
LG