Пайвандҳои дастрасӣ

Mушкили чашмраси варзишгарони тоҷик


Дилшод Бобоев, хонандаи яке аз мактабҳои шаҳри Хуҷанд, орзӯи варзишгар шуданро дошт. Мушкилоти фаровони толорҳои варзишии назди мактабҳо, набуди дастгирӣ ва ҳавасмандии ҷавонон ба варзиш монеаи амалӣ шудани ин орзӯи Дилшод ва даҳҳо ҳамсолони дигари ӯ гаштааст.

Дилшод мегӯяд, бо адами шароити феълии толорҳои варзишӣ, ки на дорои ягон имконияти хуб барои рушди варзишанд ва на бо лавозимоти наву муосири зарурӣ барои варзишгар таъмин, аксар хонандагон ҳатто хоҳиши иштирок дар дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ва ширкат дар сабқатҳои варзиширо надоранд. Бинобар ин, Дилшод мегӯяд, ӯ орзӯи варзишгар шуданашро ба пешаи сиёсатмадорӣ иваз мекунад.

Алҳол, дар аксар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Хуҷанд набуди толор ва майдонҳои варзишӣ ба чашм мехӯрад ва маъмулан машғулиятҳои варзишии хонандагон дар майдонҳои сахту хокӣ сурат мегирад. Як мушкили аслии мактабҳои миёна низ дар камбуди мутахассисони соҳаи варзиш аст, ки умдатан ҷои омӯзгорони таҷрибадори риштаи варзишро дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ омӯзгорони дигар соҳаҳо пурра месозад. Аз ҷумла, дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 28-и Хуҷанд ҳам тарбияи ҷисмониро ба хонандагон омӯзгоре дарс медиҳад, ки ихтисосаш ба ин ришта аслан наздик нест. Ба гуфтаи Матлуба Мирзохонова, сарвари ин мактаб, набуди имконоти молӣ ба онҳо даст намедиҳад, ки барои варзиш як толори махсусе ташкил кунанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи Хонум Матлуба, аслан таваҷҷӯҳи наврасон ба варзиш зиёд аст, аммо омилҳои зиёде аст, ки шавқи кӯдаконро ба ин соҳа коҳиш додаву онҳоро дилсард месозад.

Ин ҳама дар ҳоле, ки ба гуфтаи муттахассисон, замоне барои инкишофу ҷалби кӯдакону наврасон ба варзиш ва рушди ин соҳа дар кишвар ҳанӯз аз муассисаҳои то мактабӣ дар дили кӯдакон ҷой карда мешуд. Мактаб ҳам дар баробари марказҳои варзишӣ яке аз ҷойгоҳҳое маҳсуб мешуд, ки наврасону ҷавононро ба дараҷаи варзишгарони моҳир тарбия мекард. Аммо ҳоло бар тибқи иттилои расмӣ дар вилояти Суғд 40 мактаби варзишии бачагона боқӣ мондааст ва ҳудуди 14 ҳазор варзишгари наврас дар чунин мактабҳо 30 намуди варзишро меомӯзанд.

Бо шумули як варзишгоҳи комплексӣ барои ташкили мусобиқоти футболу воллейбол, теннис ва ҳавзҳои шиноварӣ дар маркази вилояти Суғд варзишгоҳҳои дигаре дар назди мактабҳо ба чашм намехӯрад. Гуфта мешавад, баъд аз хатми ин мактабҳои варзишӣ нафароне ҳам зиёданд, ки дар навъи варзиши худ содиқ намемонанд.

Ҷаҳон Қурбонов аз варзишгарони маъруфи муштзанӣ суғдӣ мегӯяд, набуди шароити хуби иқтисодии варзишгарон онҳоро водор мекунад бо тарки пешаи худ ба касбу кори дигаре рӯ оранд. Ҷаҳон Қурбонов ғолиби чандин сабқатҳо дар риштаи муштзанӣ буда, борҳо парчами Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон боло бардоштааст. Варзишгар Ҷаҳон Қурбонов мегӯяд, шумори варзишгароне ҳам кам нестанд, ки ба далели набуди ҳавасмандкунии собит ба фирор аз кишвар ба манфиати варзиши кишварҳои дигар фаъолият мекунанд.
XS
SM
MD
LG