Пайвандҳои дастрасӣ

Саҳми муҳоҷирон дар рушди иқтисод баррасӣ шуд


Дар шаҳри Душанбе нишасте дар масоили марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар Осиёи Марказӣ шурӯъ ба кор кард. Дар кори он коршиносон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Амрико, Ҳинд, Русия, Олмон ва дигар кишварҳо иштирок мекунанд. Дар ин нишаст зикр гардид, ки масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ то ҳанӯз аз мушкилоти аслии иҷтимоии минтақа ба ҳисоб меравад. Натиҷаи таҳқиқот дар ин замина собит кардааст, ки сарфи назар аз он ки муҳоҷирати меҳнатӣ дар иқтисоди кишварҳо саҳми калон дорад, вале то ҳанӯз манбаи аслии пасандозҳои мардуми минтақа ва ё сарчашмаи рушди соҳибкории хурд ва миёна нагаштааст. Ин аст ки на худи муҳоҷирон ва на давлатҳо дар самти ҳимояи ҳуқуқиии онҳо, таъмини шароити шоиста ба ин нерӯ, роҳандозии барномаи вижа барои истифодаи маблағҳои онҳо ва истифодаи ин захираҳо дар иқтисоди воқеӣ саҳми ҷиддие нагузоштаанд. Ҳамоиши мазкур то фардо бо ташаббуси созмони Ҳамкориҳои манотиқи кӯҳистони Осиёи Марказӣ (Душанбе) идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG