Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши Кобул 17 касро куштааст


Дар натиҷаи таркиши мошине дар наздикии сафорати Ҳинд дар Кобул дасти кам 17 кас кушта шуда 70 кас захм бардоштанд. Сухангӯи вазорати дохилии Афғонистон гуфт, ки таркиши субҳи имрӯз кори дасти маргталабе буда 15 қурбонӣ афроди мулкӣ ва ду афсари полис буданд. Ҳинд мегӯяд, бо вуҷуди ин ки ҳадафи таркиш сафорат будааст, вале ҳеҷ як корманди ин ниҳод осебе надидааст. Моҳи июли соли гузашта ҳам сафорати Ҳинд дар Кобул мавриди ҳадафи Толибон қарор гирифта буд. Дар як таркиши мошини бомбгузоришуда он вақт 58 нафар кушта ва 140 тани дигар захмӣ шуданд. Мизони хушунатҳо дар Афғонистон ҳамакнун ба маконҳои қаблан амну осоиштаи ин кишвар ҳам тавсеа меёбад. Ҳамлаҳои мазкур дар ҳоле гузориш мешавад, ки раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама дар андешаи ирсоли 40 ҳазор сарбози иловагӣ ба Афғонистон бо тақозои фармондеҳи аршади нирӯҳояш Стенли МакКристал мебошад.
XS
SM
MD
LG