Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлил аз Меҳргон дар Тоҷикистон


Дар саҳни Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон ҷашни Меҳргон таҷлил шуд.

Меҳргони имсола бо иштироки донишҷӯёну устодони ин донишгоҳ ва ҳамчунин сокинони шаҳри Душанбе баргузор гардид ва дар ҳошияш ҷашн навъҳои мухталифи меваҷоту сабзаҷот, ғалладона ва дигар дастовардҳои кишоварзӣ ба намоиш гузошта шуд.

Меҳргон иди ҳосил аст ва аз қадим боз ин ҷашн дар байни сокинони мухталифи дунё ба гунае ҷашн гирифта мешавад. Мардуми Тоҷикистон низ аз замони Зардушт то бад ин сӯ ин ҷашнро талҷил мекунанд, ки хислати мазҳабӣ ва ё сиёсӣ надорад.

Таҷлили Меҳргон дар замони Шӯравӣ ва пасошӯравӣ дар миёни мардуми Тоҷикистон то андозае камранг шуда буд, вале дар ин авохир мардум ба ин маросим рӯ овардаанд ва ба гуфтаи устодони Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон ин ҷашн дар 8-уми моҳи ҷорӣ дар тамоми рустову навоҳии кишвар талҷил мешавад.

Аксҳое аз ин ҷашн дар тарафи рости ин матлаб ҷойгир аст.
XS
SM
MD
LG