Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон ба назди Бердимуҳаммадов меравад


Нахустин сафари расмии президенти Туркманистон ба Тоҷикистон дар ҳамин моҳи октябр, ду сол қабл, ба вуқӯъ пайваста буд.
Нахустин сафари расмии президенти Туркманистон ба Тоҷикистон дар ҳамин моҳи октябр, ду сол қабл, ба вуқӯъ пайваста буд.

Қарор аст, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон як сафари корӣ анҷом бидиҳад.

Сафари президенти Тоҷикистон ба Туркманистон рӯзҳои 9-10-уми октябр сурат мегирад ва дар ҷараёни он раисҷумҳури Тоҷикистон якчанд дидорҳои дуҷониба доир мекунад.

Интизор меравад, дар дидори раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар баробари масоили ҳамкориҳои минтақаӣ ва дуҷониба, инчнуин мавзӯъи энерйӣ низ баррасӣ бишавад.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон ахиран аз кишвраҳои Осиёи Марказӣ даъват карда буд, ки барои истифодаи оби дарёҳои Тоҷикистон пул бипардозанд. Ӯ гуфта буд, бояд ба Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти энержияш ёрӣ бишавад.

Маълумоти бештар дар бораи ин пешниҳоди Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро аз ин ҷо метавонед бихонед.
XS
SM
MD
LG