Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бештари нашрияҳои чопи Душанбе дар ин ҳафта роҷеъ ба баргузории симпозиуми байналмилалӣ дар Тоҷикистон зери унвони «Мероси Абӯҳанифа ва аҳамияти он дар муколамаи тамаддунҳо»-матолибу гузориш мунташир кардаанд.

Аз ҷумла, нашрияи «Нигоҳ» зери унвони «Ба дин рӯ овардани Эмомалӣ Раҳмонро чи гуна шарҳ медиҳед?» як суолеро бо коршиносон матраҳ кардааст. Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик гуфтааст, дин як воситаи муттаҳидсозандаи ҷомеа аст ва раисҷумҳур бо таваҷҷӯҳ ба нуфузи афзояндаи ислом дар ҷомеаи кишвар ба ин иқдом даст задааст. Аммо Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ гуфтааст, «динро аз давлат ҷудо кардан мумкин нест». Ҳатто, афзудааст Шабдолов, марксистҳои мо ҳам ин корро карда натавонистанд. «Вале калисову масоҷидро Қонуни асосӣ аз давлат ҷудо меҳисобад. Аз ин рӯ, ягон корманди давлатӣ ҳақ надорад, ки Қонуни асосиро вайрон кунад» гуфтааст Шодӣ Шабдолов.

Ҳафтаномаи «Озодагон» дар робита ба интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонии кишвар сӯҳбатеро бо Исмоил Талбаков, вакили парлумон ва муовини раиси ҲКТ, чоп кардааст. Оқои Талбаков дар иртибот ба интихобот ва омодагиҳои ҲКТ ба он изҳори назар карда, сабаби қабул нагардидани тарҳи тағйиру иловаҳо ба Қонуни интихоботи Маҷлиси Намояндагон аз сӯи ҳукуматро кори дасти ҲХДТ номидааст. Ба гуфтаи ӯ, мавқеи ҲХДТ дар парлумон иҷоза надодааст, ки ҳукумат ин тарҳро бипазирад. Вале, гуфтааст муовини раиси коммунистони Тоҷикистон, дер ё зуд ин иловаҳо ба қонун дохил мешаванд ва интихобот дар Тоҷикистон ба пояи мавозини байналмилалӣ баргузор мешавад.

Дар робита ба масъалаи интихобот «Фараж», нашрияи Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон, низ сӯҳбатеро бо Муҳиддин Кабирӣ, вакили ҲНИТ дар парлумон ва раиси ин ҳизб, мунташир кардааст. Оқои Кабирӣ гуфтааст, ҳарчанд ҳукумат ба тарҳи мазкур хулосаи манфӣ дод, аммо аҳзоб ба ваъдаи додаи президент дар паёми солонааш ба Маҷлиси олӣ, ки кафили баргузории интихоботи одилонаву шаффоф хоҳад буд, умед мебанданд.

Зимнан, масъалаи омодагии аҳзоб ба интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2010 дар як матлабе аз сӯи Давлати Усмон, собиқ вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон, дар нашрияи «Миллат» мавриди арзёбӣ қарор гирифтааст. Оқои Усмон фаъолияти аҳзоби дигарандеш дар ростои интихоботро номауссир хондааст. Ба гуфтаи ӯ, роҳбарони ин ҳизбҳо аз ҷумла Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ, ва Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, ба нерӯи худ бовар надоранд, зери бори яъсу навмедӣ қарор гирифтаанд ва умедворӣ ба луфти роҳбари давлат доранд, ки ин ҳама боис мешавад онҳо пешопеш шикасти худ дар интихоботро ҳатто барои райъдиҳанда талқин кунанд.

«Фараж» зери унвони «Занозании хитоиҳо дар кони тиллои Панҷакент» аз бадрафтории роҳбарои чиноии корхонаи тиллошӯии ин ноҳия гузориш кардааст. Ба навиштаи нашрия, чанде аз кормандони маҳаллӣ аз сӯи роҳбарияти чиноии ин корхона мавриди зарбу лат қарор мегиранд. Сокинони рустоҳои атроф ба мадади зарбхӯрдагон мешитобанд ва дар натиҷа бо чиноиҳо занозанӣ мешавад. Бо дахолати кормандони дохила ин муноқиша ором ва чаҳор хитоӣ боздошт мешавад. Аммо ду тан аз сокинони маҳаллӣ ба бардоштани ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол дода мешаванд. Муаллиф таъйид мекунад, ки бадрафтории чиноиҳо бо кормандони маҳаллӣ бори аввал рух намедиҳад аммо касе наметавонад пеши роҳи ин корро бигирад.
XS
SM
MD
LG