Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтилофот дар дафтари СММ дар Кобул


Дар ҳоле, ки дар Кобул эътирози фаъолони сиёсӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ бар зидди нақши СММ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон идома дорад, намояндагии СММ дар ин кишвар беш аз пеш ба ботлоқ фурӯ меравад, зеро ихтилофоти шадиди миёни кормандони боломақоми ин намояндагӣ ифшо мешавад. Интизор меравад, ки натиҷаҳои интихобот ба зудӣ эълон шавад, чун СММ натиҷаҳои кори Кумитаи расидагӣ бар шикоятҳои интихобтиро эътироф кард.

Рӯзи 7-уми октябр дар назди дафтари СММ дар Кобул гурӯҳи хурде бар зидди нақши СММ дар интихоботи Афғонистон тазоҳурот анҷом дод. Тазоҳуркунандагон, ки баъзе аз онҳо ҷонибдорони Абдуллоҳ Абдуллоҳ арзёбӣ мешаванд, аз Кей Эйд, намояндаи вижаи СММ барои Афғонистон интиқод карданд ва гуфтанд, ки вай аз Ҳомид Карзай ҳимоят ва ба корҳои дихилии Афғонистон дахолат кардааст.

Дафтари СММ дар Афғонистон, ки раҳбарии онро Эйде бар ӯҳда дорад, беш аз пеш мавриди шубҳа қарор мегирад ва зиддиятҳову ихтилофоти кормандони боломақоми он ошкор мешавад. Бо пешниҳоди Эйде ҳафтаи гузашта Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ муовини Кей Эйде, яъне Питер Голбрайтро аз мақомаш барканор кард. Питер Голбрайт дипломати боломақоми Амрико дар дафтари СММ дар Афғонистон буд. Голбрайт Эйдеро мутттаҳам мекунад, ки Эйде тахаллуфоти интихоботиро барои пирӯзии Карзай ва ба нафъи Карзай пинҳон доштааст.

Бино ба тахаллуфоте, ки рӯзномаи "Вошингтон Пост", чопи Амрико, ба чоп расондааст, маълумоти ифшошудаи дафтари СММ нишон медиҳад, ки шумораи варақаҳои райъ дар баъзе вилоятҳо ҳатто аз шумораи райъдиҳандагони он бештар будааст. Ин варақаҳо 100 000 ва бештар аз он будааст. Чунин кор дар вилоятҳое анҷом гирифтааст, ки Ҳомид Карзай дар он ҷойҳо барандаи интихобот эълон шудааст. Масалан, дар вилояти Ҳилманд, ки даргири ҷанг аст, 134 804 райъ сабт шудааст. Вале тибқи маълумоте, ки дар "Вошингтон Пост" ба нашр расидааст, СММ тахмин мезанад, ки танҳо 38 000 ё ҳатто камтар аз 5 000 дар интихобот райъ додаанд.

Дан Макнортон, сухангӯи намояндагии СММ дар Кобул, ин навиштаҳоро рад кард ва гуфт, намояндагии СММ дар Кобул "роҷеъ ба интихобот қатъномаи таъҷилӣ" таҳия мекунад ва дар ин қатънома идаъои зидди Эйде, ки аз Карзай ҷонибдорӣ кардааст, "хандаовар" арзёбӣ мешавад.

Бо вуҷуди ин, то ҳол бозрасӣ ба шикоятҳои интихоботӣ ва тақаллуб дар интихобот идома дорад. Кумитаи расидагӣ ба шикоятҳои интихоботӣ, ки аз ҷониби СММ таъйин шудааст, шеваи кори худро акнун тағйир додааст ва мегӯяд, аз Ҳомид Карзай ҷонибдорӣ накардааст. Мақомоти Кумитаи расидагӣ ба шикоятҳои интихоботӣ бо назардошти охирин хабарҳо гуфтаанд, ки аз чунин тақаллубот яке аз номзадҳо суд бардоштааст. Ба ҳамин далел, таҳлигарон истисно намедонанд, ки чунин вазъи пешомада шояд Ҳомид Карзайро ба баргузории даври дуввуми интихобот водор кунад.
XS
SM
MD
LG