Пайвандҳои дастрасӣ

Парлумони Молдова рӯзи интихоботро эълон кард


Интихоботи раёсатҷумҳурии Молдова рӯзи 23 октябри соли равон баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора ахиран парлумони кишвар тасмим гирифт. Эътилофи ҳукмрони “Барои ҳамоиш бо Аврупо” аллакай изҳор намуд, ки ба мақоми олии кишвар раҳбари Ҳизби демократ ва раиси пешини парлумон Мариан Лупуро пешбарӣ хоҳад кард. Ҳизби коммунисти Молдова дар бораи ширкат дар интихобот ҳанӯз тасмим нагирифтааст. Номзад ба мақоми раисиҷумҳур бояд аз пуштибонии дасти кам 61 вакили парлумон бархурдор шавад. Ва аммо дар ҳайати феълии парлумон ягон ҳизб барои дарёфти ин миқдор раъй қодир нест. Агар дар ду навбат раисиҷумҳур интихоб нашавад, тибқи қонуни Молдова, парлумон пароканда ва интихоботи нави парлумонӣ баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG