Пайвандҳои дастрасӣ

Мусодираи миқдори бузурги хашхош дар Ҳилманд


Низомиёни афғон ва амрикоӣ дар амалиёти вижае як корхонаи тавлиди маводи мухадирро аз байн бурданд. Ба иттилоъи сухангӯи вазорати дифоъи Афғонистон Муҳаммадзоҳир Азимӣ, бар асари ин амалиёт дар минтақаи Каҷакии вилояти Ҳилманд дасти кам 17 тан аз толибон кушта шуда, ҳудуди 50 тонна хашхош ва 2 тонна ҳероин мусодира гардид. Маблағи маводи мусодирашуда тақрибан 5 миллион доллар ҳисоб шудааст. Дар интиҳои амалиёт, ки панҷ соат идома дошт, корхонаи тавлиди ҳероин тарконида шуд.
XS
SM
MD
LG