Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод аз музокироти Женева ситоиш кард


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод музокирот оид ба барномаи ҳастаи кишварро, ки ҳафтаи гузашта дар Женева доир шуда буд, “гоме ба пеш” номид. Ба иттилоъи расонаҳои чопи Теҳрон, Аҳмадинажод ҳамчунин гуфтааст, бархе аз кишварҳо изҳори омодагӣ кардаанд, ки барои бароварда сохтани ниёзмандиҳои энерҷии ҳастаии Эрон ураниумро дар қаламрави худашон ғанӣ созанд.
Рӯзи сешанбе Иёлоти Муттаҳида бори дигар ҳушдор дод, ки агар Эрон аҳдофи сулҳомези барномаи ҳастаияшро собит накунад, барои ҷорӣ кардани таҳримҳои нав алайҳи ин кишвар пойфишорӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG