Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расмуссен: масъулият бояд одилона тақсим шавад


Дабири кулли НАТО Андерс Фог Расмуссен изҳор намуд, ки масъулият барои вазъ дар Афғонистон бояд миёни Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳояш одилона тақсим шавад. Густариши амалиёти низомӣ дар Афғонистон ва афзоиши қурбониён дар ин кишвар ҳампаймонҳои ИМА-ро ба стратегияи низомии Паймон дилсард кардааст. Фог Расмуссен афзуд, ки Русия метавонад дар оянда дар амалиёти нерӯҳои эътилоф дар Афғонистон нақши бештар дошта бошад. Ба гуфтаи ӯ, Русия ба ҷуз интиқоли молу мавод аз тариқи қаламраваш, метавонад низомиёни эътилофро бо либоси низомӣ таъмин кунад ва ҳамчунин дар таълиму тамрини афсарону сарбозони афғон саҳм бигирад.
XS
SM
MD
LG